Дарвозабони “Хуҷанд” ба клуби “Олой”-и Қирғизистон гузашт
Душанбе, 12.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дарвозабони дуввуми клуби футболи “Хуҷанд” Абдуазиз Маҳкамов шартномаи худро бо клуби футболи “Олой”-и Қирғизистон ба имзо расонд ва таҳти рақами 1 дар он ҳунарнамоӣ хоҳад кард. Дар бораи маблағи шартнома иттилоъ нарасидааст. Сармураббии дастаи “Хуҷанд” Нуъмон Юсуфов дар ин маврид гуфт: “Абдулазиз солҳои зиёд ҳамчун дарвозабони эҳтиётӣ бозӣ мекард ва имрӯз барояш имконияти хуби ҳамеша дар бозӣ иштирок кардан пайдо шудааст ва мо зид нестем, ки ин дарвозабони болаёқат пешрафти худро дар дастаи “Олой”-и Ӯш идома диҳад».
Клуби нави Абдуазиз Маҳкамов чемпиони дукаратаи Қирғизистон буда, дар марҳилаи тогурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2016 аз “Тараблус”-и Лубнон мағлуб шудааст.
Ёдрас мешавем, ки дар чемпионати Қирғизистон ҳамагӣ ҳафт даста иштирок мекунанд. Дар даври якум клуби Маҳкамов дар меҳмонӣ бо “Абдиш-Ата”-и Кант вохӯрда, бо натиҷаи 1 бар 0 пирӯз гардид.








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






