Дастгир гардидани ғоратгарон
Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ Ховар).- Ба ШВКД дар ноҳияи Ҳисор сокини 28-солаи ҳамин ноҳия муроҷиат намудааст, ки 29 ноябри соли 2015, тахминан соати 16:30 дақиқа дар маҳаллаи Ҳисори ноҳияи мазкур шахсони номаълум ӯро зери лату кӯб қарор дода, аз ӯ 400 сомонӣ пули нақд ва 1 телефони мобилии тамғаи Флайро, ки арзишаш 500 сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ — ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокинони 23 ва 27-солаи ноҳияи Ҳисор ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят дастгир шуданд.
Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтиш давом дорад.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






