Дастгоҳи табдилдиҳандаи аксбардории барқӣ -оптикии сайёр кори табибонро осон хоҳад кард
Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Умед Ҷабборов, табиби маҷмааи тандурустии «Истиқлол» миннатдории тамоми кормандони соҳаи тандурустиро ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти ҶТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди чунин маҷмааи бузурги тандурустӣ ва фароҳам овардани шароити хуби ташхисию табобатии замонавӣ барои кормандони соҳаи тиб изҳор намуд.
«Мо табибон бисёр хурсандем, ки бо истифода аз дастгоҳҳои муосир кори табибон ба маротиб осон шуда, аз ин пас дар ин маҷмаа аз ташхиси одӣ то ҷарроҳиҳои мураккаб барои беморон фароҳам оварда мешавад. Таҷҳизоти ин маркази тиббӣ аз Олмон ва Ҷопон дастрас шуда, барои сари вақт гузаронидани амалиёти ҷарроҳӣ ва табобати саривақтии беморон сафарбар мешавад»,-гуфт табиб.
Беморхонаи «Бистаринамоии калонсолон» аз шуъбаҳои ҷарроҳии таъҷилӣ, ёрии таъҷилии тиббӣ, ташхиси таъҷилӣ, нуқтаи шикастабандӣ, амалиёти садамаи омехта, осебшиносӣ ва раддодӣ, ҷарроҳии асаб, бемориҳои асаб ва фаламӣ, бемориҳои дил, диабети қанд, бемориҳои гӯшу гулӯ ва бинӣ, аллергология, ҷарроҳии қафаси сина ва рагҳои хунгард иборат мебошад.
«Як дастгоҳи дар бинои «Бистаринамоии калонсолон» муҷаҳҳазшуда- ин дастгоҳи табдилдиҳандаи аксбардории барқӣ -оптикии сайёр мебошад, ки ба ду монитор пайваст карда шудааст. Ин дастгоҳ дар як вақт дар мизи ҷарроҳӣ ҳолати беморро аксбардорӣ мекунад. Агар ин осеб пайваста бошад, баъди ҷобаҷогузории устухонҳо бемор метавонад дар дастгоҳи мазкур акси такрорӣ намуда, сифати кори табибро муайян кунад. Пештар ҳангоми муоинаи бемор бо осеби пайваста ҷобаҷокунии устухон ба таври пӯшида гузаронида мешуд. Инчунин бемор ба шуъбаи аксбардорӣ фиристода шуда, пас он аксро табиб муоина мекард. Як бартарияти дигари дастгоҳи мазкур дар он аст, ки беморро дар як утоқ бо як дастгоҳ ва дар муддати хеле кӯтоҳ метавон ташхис кард»,-илова намуд Умед Ҷабборов.
Табиб афзуд, ки мутахассисоне, ки аз ин пас бо ин дастгоҳҳо кор мекунанд, ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷ аз он курсҳои такмили ихтисосро гузаштаанд. Аз ин рӯ бо бовар гуфта метавонем, ки он дастгоҳҳое, ки дар маркази ташхисии маҷмааи тандурустии «Истиқлол» насб шудаанд, дар оянда пурсамар ва ба нафъи мардум истифода мешаванд.













Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






