«Наврўз дар фарҳанг ва адаби тоҷик»-ҳамоиш дар КМТ
Душанбе,17.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дирӯз дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон (КМТ) ба ифтихори ҷашни Наврӯз бо номи «Наврӯз дар фарҳанг ва адаби тоҷик» бо мақсади ёдоварӣ аз суннатҳо, ваҳдатофарӣ, ҳифзи мероси ниёгон ва васфи Наврўз дар ашъори шоирони классик ва муосири тоҷик ҳамоиш баргузор гардид. Дар нишаст олимон, донишҷӯён ва кормандони КМТ иштирок карданд.
Директори КМТ Сайфиддин Назарзода гуфт, ки зикри Наврӯз дар садҳо китобҳои муътабар омада ва шарҳу баёни илмиву мантиқӣ низ ёфтааст.
Ҷамолиддин Сайидзода дар мавзӯи “Наврӯз дар китобҳо” маъруза кард. Назри Яздонӣ дар мавзӯи “Наврӯз ва ваҳдати миллӣ” гуфт, ки яке аз суннатҳои наврӯзӣ ваҳдати инсонҳост, то талош кунанд ранҷишҳову кудуратро аз дилҳо бишӯянд ва бо дӯстиву ҳамдигарфаҳмӣ ҳаёт ба сар баранд. Ӯ инчунин иброз дошт, ки ҳама талоши Пешвои миллат ва манзураш аз густарда ҷашн гирифтани Наврӯз- ин таъмини ваҳдат миёни сокинон ва ободии мулк аст.








Байни Тоҷикистон ва Агентии ҳамкории байналмилалии Ҷопон Созишномаи грантӣ ба имзо расид
Бастаҳои «MIX»: интернети бисёр барои паёмрасонҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва платформаҳои видеоӣ
БОТУЛИЗМ. Риоя нагардидани қоидаҳои санитарию гигиенӣ боиси пайдошавии ин беморӣ мегардад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борон ва барф меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво абрнок мешавад
Паҳлавонони тоҷик дар Чемпионати ҷаҳон оид ба кураш соҳиби шаш медал гардиданд
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар Академияи идоракунии давлатӣ ҳамоишҳо баргузор мегарданд
Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-20) дар Чэнду бо дастаҳои Кореяи Ҷанубӣ, Чин ва Ветнам бозӣ мекунад
Дар Хатлон Рӯзи милитсияи тоҷикро таҷлил намуданд
Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои мошингарди минтақаи Ҳисор ба зимистон омода мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борон меборад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борон меборад






