Фаввораҳои Хуҷанд фаъол шуданд
Хуҷанд,17.03.2016. АМИТ “Ховар”).-Шурӯъ аз 15 март дар маркази Суғд- шаҳри Хуҷанд ҳамаи фаввораҳо ба фаъолият оғоз карданд.
Тавре ки ба АМИТ “Ховар” масъулин аз идораи “Фаввораҳо”-и Хуҷанд иттилоъ доданд, тибқи дастури шаҳрдори Хуҷанд ҳамаи фаввораҳои шаҳр, ки тӯли ду моҳ аз таъмир бароварда шуда ва чанде аз онон навсозӣ шуданд, бо фарорасии фасли баҳор ва таҷлили чорабиниҳои Наврӯзи ҷаҳонӣ ба кор оғоз намуданд.
15 март бо ба истифода додани боз як фаввораи нав дар мавзеи “Панҷшанбе”, воқеъ дар шафати майдони ёдгории шаҳидони Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ, ки дар масоҳати 12 метри мураббаъ бо баландии 8 метр ва паҳноии 10 метр ҷойгир буда, он бо 7 намуд чароғакҳои рангини пурҷило насб шудааст, ба 26 адад расидааст, ки аз он 20- тоаш фаввораҳои рангин бо чароғакҳои ҷилодор мебошанд.
Хотиррасон бояд кард, ки дар доираи чорабинии мақомоти маҳаллии шаҳри Хуҷанд соли равон дар арафаи таҷлили рӯзҳои наврӯзӣ дар маркази вилоят дар умум 20 иншооти дорои аҳамияти иқтисодиву иҷтимоӣ ифтитоҳ мегардад.