Хатлон: Иҷлосияи вакилони халқи вилоят баргузор гардид
Қурғонтеппа, 30.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз дар шахри Қурғонтеппа иҷлосияи панҷуми Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон баргузор гардид.
Тавре ки ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи иттилоотию таҳлилии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон иттилоъ доданд, вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон ҷараёни иҷрои қарори раиси вилояти Хатлон аз 31-уми майи соли 2007 «Оид ба Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми ноябри соли 2006 «Дар бораи Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016»- ро муҳокима карданд.
Ҳамзамон ҳисоботи сардори раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии вилоят «Оид ба рафти иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ» дар вилоят шунида шуда, «Барномаи рушди савдо дар вилояти Хатлон барои солҳои 2016-2018» барои тасдиқ пешниҳод гардид.