Хуҷанд: Бархурдории 2000 сокини шаҳр аз хони наврӯзӣ
Хуҷанд, 17.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — Дар арафаи Иди Наврӯз наздик ба 2000 сокини Хуҷандшаҳр аз кумаки идонаи мақомоти шаҳри Хуҷанд бархурдор хоҳанд гашт. Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” Биволида Самадова, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳри Хуҷанд иттилоъ дод, чун анъана соли равон низ дар рӯзҳои ҷашнгирии Наврӯзи хуҷастапай шахсони камбизоату танҳо ва шахсони имконияташон маҳдуд аёдат шуда, ба онҳо кумаки моддӣ иборат аз маводи хӯрокӣ расонида мешавад.
Дар рӯзҳои наврӯзӣ аз ҷониби раиси шаҳр дар радифи оилаҳои собиқадорони меҳнат ва ниёзманд, инчунин бошандагони хона-интернатҳо ва муассисаҳои иҷтимоиву қисмҳои ҳарбии шаҳр аёдат шуда, ба онҳо хони наврӯзӣ тақдим мешавад.
Дар баробари ин вобаста ба супориши шаҳрдор бо дастгирии соҳибкорону шахсони саховатманд ҳамзамон хатнатӯйи кӯдакон аз оилаҳои ниёзманд баргузор хоҳад гашт.