Идомаи сафари расмии Пешвои миллат дар шаҳри Дубай

Март 17, 2016 15:50

Душанбе, 17.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар доираи сафари расмӣ ба Амороти Муттаҳидаи Араб ба шаҳри Дубай ташриф овард.

Дар назди қароргоҳи Сарвазири Аморот Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро Ноиби президенти давлати Амороти Муттаҳидаи Араб, Сарвазир ва вазири мудофиаи давлат, Ҳокими аморати Дубай шайх Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум истиқбол гирифт.

Масоили дурнамои ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Аморот дар мулоқоти хосаи Эмомалӣ Раҳмон ва шайх Муҳаммад ибни Рошид оли Мактум ва бо иштироки ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб баррасӣ гардид.

Сарвазири Аморати Муттаҳидаи Араб меҳмони олимақом Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ташрифи расмиаш ба ин сарзамин хайрамақдам гуфт.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳбарияти олии кишвари дӯсти Амороти Муттаҳидаи Араб барои пазироӣ ва ҳусни накуи меҳмоннавозӣ изҳори сипос намуд.

“Мулоқоту вохӯриҳои имрӯзаро фурсати муносибе барои баррасии ҳолати кунуниву дурнамои муносибатҳои байни кишварҳоямон медонем ва умедворем, ки натиҷаҳои онҳо ба муносибатҳои судманду хайрхоҳонаи миёни Тоҷикистон ва Давлати Амороти Муттаҳидаи Араб тобишу такони тоза хоҳанд бахшид”- таъкид дошт зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.

Ҳар ду ҷониб бо он ҳамақида буданд, ки барои рушди бахшҳои энергетика ва об, нақлиёт, коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, саноати сабук ва истихроҷи маъдан имкониятҳои зиёде вуҷуд дорад.

Тавсеаи ҳамкорӣ дар ҷодаи бонкдорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёна, ташкили корхонаҳои муштараки шаклҳои гуногуни фаъолият, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ низ зарур шумурда шуд.

Сармоягузорӣ дар бахшҳои бунёдӣ ва воқеии иқтисодиёт, лоиҳаҳои сохтмони нерӯгоҳҳои обии гуногуниқтидор ва нақшаҳои хурду бузурги инфрасохторӣ ва нақлиётию коммуникатсионӣ дорои дурнамои неки ҳамкорӣ маънидод гардид.

Ҷонибҳо зимни баррасии масоили ҳамкорӣ, инчунин вобаста ба таъсири омилҳои беруна ба иқтисодиёти кишварҳо, вазъи зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир, таъмини амнияти минтақа, дарёфти роҳҳои ҳалли як қатор мушкилоти глобалӣ андешаронӣ карданд.

Март 17, 2016 15:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат коргоҳи коркарди моҳии ҶДММ «Баҳор»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Ваҳдат ба таври фосилавӣ 16 иншооти таъиноти гуногунро ба истифода доданд