Ифтитоҳи бинои Шӯъбаи муҳофизаи ВКД дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Б. Ғафуров, 29.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 25 марти соли равон дар маркази ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ҷамоати шаҳраки Ғафуров бинои Шӯъбаи хадамоти давлатии муҳофизаи Шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар чорабинии мазкур Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода, сардори Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд Шариф Назарзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Зариф Назирӣ ва дигарон иштирок доштанд.
Баъди буридани лентаи рамзӣ меҳмонон аз бинои нави шӯъбаи ноҳиявии «Муҳофиза» боздид намуданд. Бино дуошёна буда, аз таҳхона, 7 утоқи корӣ, силоҳхона, қисми навбатдорӣ, маҷлисгоҳ барои 40 нафар, ошхона бо 20 ҷойи нишаст, майдончаи варзишӣ ва мошинсарой иборат мебошад.