Ифтитоҳи мактаби нав дар деҳаи Андарвашти деҳоти Оббурдони ноҳияи Мастчоҳ

Март 23, 2016 12:44

Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ноҳияи Мастчоҳ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рахмон бо буридани лентаи рамзӣ дар вазъияти тантанавӣ ба фаъолияти муассисаи нави таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36-и деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон оғози расмӣ бахшид.
Сарвари давлат бо шароити муосири синфхонаҳои барҳаво, ки дар ин муассисаи таълимӣ фароҳам оварда шудааст, шинос шуда, бо хонандагон суҳбати озоду самимӣ анҷом дод.
Мактаби мазкур аз ду ошёна ва таҳхона иборат буда, барои 240 нафар хонанда дар як баст пешбинӣ шудааст. Бино дорои 15 синфхона, аз ҷумла синфхонаи компютерӣ бо тахтаи электронӣ ва синфхонаи физикаю биология бо навтарин аёниятҳои таълимӣ муҷаҳҳаз мебошад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои ифтитоҳи боз як синфхонаи компютерӣ ба хонандагон компютерҳои муосир ва барои дастаи ҳаваскорон як миқдор асбобҳои миллии мусиқӣ тақдим кард.
Ин муассисаи тозабунёд ҳамчунин дорои толори замонавии варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст, ошхона, майдончаҳои варзишӣ ва синфхонаи дарси хӯрокпазӣ мебошад.
Мактаби таҳсилоти миёнаи умумии рақами 36 аз тарафи идораи сохтмони асосии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маблағгузорӣ шуда, корҳои сохтмониро коргарони ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Бинокор-Иқбол»-и ноҳияи Мастчоҳ анҷом додаанд. Арзиши умумии ин иншоот беш аз 5 миллион сомониро ташкил медиҳад.
Қаблан фарзандони сокинони ҷамоати мазкур ба дигар мактабҳо, ки дар масофаи 6 километр буд, барои таҳсил мерафтанд ва дар фасли сармо ба мушкилӣ рӯ ба рӯ буданд.
Мактаби нав бо аёнияти муосири таълимӣ муҷаҳҳаз гардонида шуда, бо маркази гармидиҳӣ пайваст мебошад.
Хонандагону сокинони деҳаи Андарвашти ҷамоати деҳоти Оббурдон бунёди мактаби наву замонавиро туҳфаи арзандаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ маънидод намуда, барои ин ғамхорӣ ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ карданд. Баъди ифтитоҳи бинои мактаб дар саҳни ҳавлӣ Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳия ва устодону хонандагон мулоқоти самимӣ доир кард.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳозиринро бо бунёди ин иншооти муҳим табрик карда, доир ба ғамхориҳои рӯзафзуни Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва беҳдошти сатҳу сифати таълиму тарбия андешаронӣ кард.

Март 23, 2016 12:44

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Мастчоҳ дар барномаи фарҳангӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз иштирок намуданд