Ифтитоҳи синфхонаҳои нави таълимӣ барои омӯзгорони ВМКБ
Хоруғ, 18.03.2015. (АМИТ «Ховар»).- Бахши вилоятии Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф соҳиби чаҳор синфхонаи муҷаҳҳаз бо навтарин васоиту таҷҳизоти таълимӣ гардид. Акнун омӯзгорони вилоят ҳангоми давраҳои омӯзишӣ имкон пайдо мекунанд, ки бо истифода аз ин асбобу ашёи таълимӣ сатҳи дониши назариявӣ ва амалии худро боло баранд. Яке аз ин синфхонаҳо барои омӯзиши касбҳои дӯзандагӣ, таҳияи таом ва дигар воситаҳои рӯзгордорӣ пешбинӣ шуда, дар синфи дигар омӯзгорони фанни таълими меҳнат ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд. Барои омӯзгорони фанҳои табиӣ-риёзӣ низ синфи махсус ихтисос дода шудааст.
Ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф Хоналӣ Қурбонзода баён дошт, ки Пешвои миллат дар Паёми имсолаи худ низ оид ба боз ҳам баланд бардоштани дониши техникии омӯзгорон ва ба шароити муосир роҳандозӣ намудани таълиму тарбияи насли наврас махсус таъкид намуд. Аз ин рӯ мо барои ба сатҳи ҷаҳонӣ мутобиқ сохтани раванди таълим аз ҳамаи тадбиру имконоти мавҷуда истифода мебарем.
Ин синфхонаҳо дар ҳамкорӣ бо Ҷамъияти ҳамкории байналмилалии Олмон дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуданд ва ба гуфтаи директори донишкадаи мазкур минбаъд низ чунин ҳамкорӣ бо мақсади пешрафти соҳаи маориф бо дигар созмону институтҳои илмии байналмилалӣ идома меёбанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
КОНСТИТУТСИЯ — РАҲНАМОИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ. Дар ноҳияи Ёвон ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
Конститутсия кафолати адолати иҷтимоӣ, сулҳу ваҳдат ва рушди устувор аст
Бахшида ба Рӯзи Конститутсия дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия конференсияи илмӣ-назариявӣ доир шуд
Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон дар Вазорати энергетика ва захираҳои об бошукуҳ таҷлил гардид
Бахшида ба 32-солагии қабули Конститутсия дар Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ ҷамъомади тантанавӣ доир шуд
Дар мавзуи «Конститутсияи Тоҷикистон дар масири таҳкими давлатдории миллӣ ва сиёсати созанда» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Дар Вазорати адлия бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
КОНСТИТУТСИЯ ВА ТАҚДИРИ МИЛЛАТ. Аз андешаи давлатдорӣ то фарҳанги созандаи ҷомеа
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳиму сарнавиштсоз барои миллати тоҷик аст






