“Ҷилваи ҳусн”- ифодагари зебоӣ ва тарғибкунандаи либоси миллӣ
Душанбе, 04.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Бо мақсади тарғиби либоси миллӣ, пайдо намудани истеъдодҳои нав, пешниҳоди намудҳои беҳтарини либос бо тарҳи наву замонавӣ, нигоҳ доштани анъанаҳои тарроҳии либосу ороишоти миллӣ, либосҳои тавсиявии толибилмон, базмӣ ва идона 3 март дар Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмати кишвар Фестивали ҷумҳуриявии “Ҷилваи ҳусн” баргузор гардид.
Ректори донишкада доктори илми иқтисод, профессор Қодирзода Диловар Баҳриддин зикр намуд, ки фестивали «Ҷилваи ҳусн» ба 25 — умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шуда, он ифодагари зебоӣ ва тарғибкунандаи либосӣ миллӣ мебошад.
“Баргузории чунин фестивалҳо шаҳодат аз зиндагонии орому осуда, сулҳу субот ва ватандўстиву хештаншиносии мардуми тоҷик ва суннатҳои волои он мебошад. Орзуву омоли мардум на танҳо ба таври шифоҳӣ, бо хондани суруду таронаҳо, рубоиҳо, нақл, ривояту афсонаҳо, балки тавассути иҷрои амалҳои суннатӣ, расму ойин ва либоси миллӣ низ баён мегарданд”,-иброз дошт Қодирзода Диловар.
Дар идомаи суханронӣ номбурда ҳозиринро бо фарорасии Рўзи Модар ва фасли зебои сол — баҳори ҳуҷаста самимона муборакбод намуд.
Дар чорабинӣ либоси сокинони минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон намоиш дода шуд. Иштирокдорони озмун ба ҷамъомадагон рақсу суруд ва таронаҳои миллиро пешниҳод намуданд.
Дар фестивал раиси бахши кор бо занон ва оилаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Зуҳро Қўзиева ва дотсенти Донишкадаи фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи М. Турсунзода Соро Раҳимова иштирок намуда, ба ҳунари гулдухтарони донишкада баҳои баланд доданд.








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






