Л.Иматова: Зан-модар нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад

Март 7, 2016 15:14

Душанбе, 7.03.2016 (АМИТ «Ховар»). -Зан-модари тоҷик бо рӯҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида, муҳаббату садоқати бепоён ва рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ ҳамеша мавриди васфу ситоиш қарор дорад.

Дар замони соҳибистиқлолии Ватан бо шарофати сиёсати созандаи роҳбарияти мамлакат занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худро дар густаришу такмил додани арзишҳои наҷибу волои инсонӣ, бахусус дар рӯҳияи баланди ватанпарастӣ тарбия намудани фарзандон, талқини андеша ва ҳувияти миллӣ, таҳкими худогоҳиву худшиносӣ ва ватандориву ватандӯстӣ бо камоли масъулият адо менамоянд ва сазовори эҳтироми аҳли ҷомеа гардидаанд.

Дар арафаи ҷашни Рӯзи модар АМИТ «Ховар» тасмим гирифт, ки ба занону духтарони фаъоли касбу кори гуногун бо чанд савол муроҷиат намуда, андешаҳои онҳоро пешкаши хонандагон намояд.

Мусоҳиби навбатии мо сармутахассиси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои педагогӣ Лутфия Иматова.

 

«Ховар»: Сиришти занону модарони рўи олам аз покиву зебоӣ офарида шудааст. Рисолати зан-модари тоҷикро дар замони муосир чӣ тавр метавон шарҳ дод?

Л.Иматова: Модар чароғу чашми хонадон, ганҷи бебаҳост,  ки  сиришти он аз покиву зебоӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шуда, ҷаҳонро бо озодагиву нафосат ва шукуҳи худ накҳату таровати тоза мебахшад.

Ба андешаи ман модари тоҷик дар ҳама давру замон  ҳамчун офарандаи ҳаёт,  ватандору ватандўст ва  тарбиятгару ботаҳаммул  буда, дар замони муосир  ҳам ўро чун зан-модар — ҳамон модаре, ки сари болини фарзанд бо умеду орзу алла мегўяду дар сиришти ў хислатҳои накўтарини инсониро ҷой медиҳад ва дар баробари ин дар рушди соҳаҳои гуногуни давлат ва ҳаёти ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодааст, мешиносанду қадр мекунанд.

«Ховар»: Оё мақоми имрўзаи зан-модари тоҷик барои тарбияти фарзандон, ҳидояти наврасону ҷавонон ба роҳи нек, нигоҳдории оила мусоидат мекунад?

Л.Иматова: Бузургии зан-модар пеш аз ҳама дар он таҷассум меёбад, ки тарбиякунанда ва ба камолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.  Зан-модари тоҷик  бо эҳсоси меҳрубонӣ ҳамеша  фарзандро ба пос доштани арзишҳои миллӣ,  ваҳдат, дўст доштани Ватан, инчунин ба кору амалҳои неку созанда раҳнамоӣ  намуда,  ин рисолатро аз насл ба насл идома медиҳад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон иброз доштанд, ки: «Ҷомеае, ки ба зан ғамхорӣ менамояд, ба ояндаи худаш ғамхорӣ мекунад. Давлате, ки нисбат ба Модар, ки сарчашмаи ҳаёт ва бақои  насли инсонист, агар бепарво бошад, ояндаи худро аз даст медиҳад».  Бо  боварӣ метавон гуфт, ки Ҳукумати Тоҷикистон дар давоми бисту панҷ соли Истиқлолият дар доираи сиёсати худ мақоми занро ба зинаҳои баланд бардоштааст ва мавқеи зани тоҷикро дар тамоми корҳои давлативу ҷамъиятӣ ба таври мусбӣ метавон арзёбӣ намуд. Аз ин рў, зан-модари тоҷик  вазифадор аст, ки дар рисолати модариву қарзи шаҳрвандии худ  фарзандонро  дар рўҳияи баланди ватандориву  ватанпарастӣ, ҳуввияти миллӣ ва худогоҳиву  худшиносӣ тарбия намояд.

 

«Ховар»: Ба андешаи Шумо дар кадоме аз ин аз ин давраҳо занону модарон мақоми болотару беҳтар доштанд: пеш аз асри ХХ, даврони шўравӣ ва ё замони соҳибистиқлолӣ?

Л.Иматова: Аз қадимулайём миллати  тоҷик ба зан – модар эътиқоду эҳтиром дошт, зеро дар китобҳои муқаддаси диниву мазҳабии мо мавзўи эҳтироми модар мақоми муҳим дорад. Гузашта аз ин, дар  ашъори зиёди шоирону нависандагони номдори мо, ки ба зебоиву назокат, ҳусну малоҳат, матонат ва садоқати  зан-модар бахшида шудаанд, нақши зан — модари диловару қаҳрамон, ватандўсту озодихоҳ  мақому мартабаи  баланд дошту дорад.

Таърих гувоҳ аст, ки рисолати модарии зан маҳз дар замони соҳибистиқлолии  давлати навини тоҷикон аҳамияти басо бузургеро  касб намуд. Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ медонад. Имрўз ,тибқи амалишавии фармони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» сол то сол теъдоди занони роҳбарикунандаи сатҳи ҳукуматӣ бамаротиб зиёд шуда, дар рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлат ва ҷомеа саҳми воқеии худро гузошта истодаанд. Имрўз ҷомеаи Тоҷикистон дар симои зан на танҳо модар, хоҳар ва ҳамсар, балки сиёсатмадори шинохта,  олима,  мураббию омўзгори насли наврас, сарвари ботаҷриба, корманди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, соҳибкору табиб, бинокору муҳандисро мебинад, ки ин  ифтихори  миллати тоҷик  мебошад.

 

«Ховар»: Кадом лаҳзаи ҳаёт аз зан буданатон бештар аз дигар рўзҳо ифтихор кардед?

Л.Иматова: Ҳар як лаҳзаи чун зарра хурдтарини ҳаётам ман шукр мекунам, ки  зан-модар ҳастам. Мавриде ки фарзандонамро ба оғўш мегирам, фикр  мекунам ҳеҷ оғўше чун оғўши модар гарм, ҳеҷ сухане мисли харфҳои модар ширин нест ва ҳеҷ дороии дунё ҷои меҳрубониҳои модарро намегирад. Ба ин хотир ҳамеша поктарин, наздиктарин шахс  барои фарзанд модар аст.  Дар баробари ин, ифтихор аз он дорам, ки   Ҳукумату давлат, Президенти мамлакат  ба азму ирода ва талоши ватанхоҳонаи модари тоҷик эҳтиром мегузорад ва шахсан ман ҳамчун зан-олима кушиш мекунам  барои пешбурди илму маорифи Ватани азизам заррае ҳам бошад саҳми худро мегузорам.

«Ховар»:Тавофут миёни занону духтарони маълумоти олидошта ва бемаълумот, фарқи миёни занони хонашин ва коргар аз нигоҳи Шумо?

Л.Иматова: Нахустин мураббӣ ва омўзгори фарзанд модар аст ва нақши ў дар таълиму тарбия, нигоҳубин ва камолоти маънавию ҷисмонии фарзанд бузург мебошад. Модари оқилу бофарҳанг дар фикри он аст, ки фарзанд бузург, бомаълумот, соҳибкасб шавад ва барои ҷомеа инсони саҳмгузор гардад.  Модари ман аз сабаби имконияти таҳсил карданро надоштан дар солҳои чилуми асри ХХ, танҳо таҳсилоти ибтидоӣ доштанд, вале ҳамеша дар тарбияи фарзандони соҳибмаърифату хайрхоҳ ва дорои ахлоқи ҳамида кӯшиш намуда, мо 7 нафар фарзандонро соҳиби  маълумоти олӣ гардонд ва имрўз низ, ки ба синни  мубораки 87 расидаанд, маслиҳатгару  раҳнамои мо фарзандон мебошанд.

Ҳадаф аз соҳибмаълумот ва бофарҳанг  будани зан-модар  пеш аз ҳама  барои баланд бардоштани сатҳи маърифат ва таҳким бахшидани мавқеи онҳо дар ҷомеа, инчунин ташаккули  оилаи солим  ва тарбияи насли ҷавобгўи талаботи замони муосир мебошад. Тарбияи фарзанди солиму доно аз як ҷониб ба манфиати ҷомеа ва давлат бошад, аз ҷониби дигар  фарзанди таълимдидаву тарбиятгирифта пеш аз ҳама эҳтироми падару модари худро ба ҷой оварда, ҳамчун шахсияти комил ба қадри  ранҷу заҳмат ва  меҳнати ҳалол мерасад.

 

«Ховар»: Мегўянд фазои хонаро зан месозад, дар оилаатон фазои орому таскинбахшро Шумо  чӣ тавр таъмин мекунед?

Л.Иматова: Ободии Ватан аз ободии ҳар як хонадон ибтидо мегирад. Дар навбати худ ободии ҳар як хонадон аз рўҳияи солиму созанда, сатҳи маънавиёту маърифатнокии  зан-модар вобаста аст.  Беҳуда нест, ки дар байни мардум занро вазири мард мегўянд. Ба он хотир, ки тамоми шикасту рехти хонадонро маҳз зан саришта мекунад.  Ман кўшиш менамоям, ки  ба фарзандонам  таъриху фарҳанг, донишҳои муосир расму оини оилавиро омўзонам. Дар фазои хона эҳсоси меҳрубониву ғамхорӣ, муҳаббат доштан ба наздикон, сабру таҳаммулро фароҳам меоварам.

 

«Ховар»: Таманнои Шумо ба бонувони тоҷик

Л.Иматова: Бигзор, Рўзи модарон ба занону модарони азиз ва духтарони меҳрубони мо хушрўзиву саодатмандию пирўзиро насиб гардонад!

Агар пурсанд  аз ҳама наздиктар ба худованд кист, посух албатта модар аст. Зеро модар ҳамавақт ва ҳама чо дасти дуо дорад барои кушоиш, барои ба роҳи дуруст ҳидоят кардани фарзандон, барои тани сиҳати наздикон ва ин аст, ки модар аз хама кас наздиктар ба худост.  Оре,  ҳар як зан модар аст ва  ҳар нафаре, ки қимати модарро донад, бо дуояш хушбахту шуҳратёр мегардад. Орзуи онро дорам, ки бонувони тоҷик бо дуои неки модарӣ фарзандонро дар роҳи ватандустӣ, покию росткорӣ  тарбия намуда, дар рушди миллат ва пешрафти давлат саҳмгузор  бошанд.

 

Таҳияи Лайло Қосимова

Март 7, 2016 15:14

Хабарҳои дигари ин бахш

«ХОНАНДАИ БЕҲТАРИНИ АСАРҲОИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Ҳадафи озмун аз густариши эҳтиром нисбат ба арзишҳо, суннат ва адабу русуми миллӣ иборат аст
Валид ибни Абдураҳмон ар-Решайдон: «Робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ густаришу равнақи бештар меёбанд»
Зебо Баротова: «Мехоҳам бо маблағи гранти президентӣ ба занони бешуғл ҳунар омӯзонаму онҳоро ба кор ҷалб намоям»
ИМРӮЗ-РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ СУЛҲ. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар ҷаҳони муосир мавриди омӯзиши васеъ қарор дорад
СОЛИ МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ. Агар волидон то 3 моҳ барои кӯдак шаҳодатномаи таваллуд нагиранд, ҷарима пардохт менамоянд
Сафири Амрико дар Тоҷикистон Мануэл Микаллер: «Давоми панҷ соли охир Тоҷикистон дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ устуворӣ ва азми пойдор нишон дод»
Хуршед Файзуллозода: «Ҳадафи Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ вусъат бахшидани раванди амалӣ намудани «ҳукумати электронӣ» аст»
Мавзуна Чориева: «Аз варзишгарони тоҷик умеди зиёд дорем, ки дар Бозиҳои олимпии Париж-2024 ба дастовардҳои назаррас ноил мегарданд»
ТОҶИКИСТОНУ ЧИН ШАРИКОНИ ҲАМАҶОНИБАИ СТРАТЕГӢ МЕБОШАНД. Нашри мусоҳибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ВАО-и расмии Чин
«МАН БА МАРДУМИ ТОҶИК ҲАВАС МЕБАРАМ, КИ ДАР ЧУНИН ТАБИАТИ ЗЕБО УМР БА САР МЕБАРАНД…». Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои манзараҳои Тоҷикистон
ИҚДОМҲОИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН ҶОМЕАИ ҶАҲОНРО БА ҲАМ ОВАРД! Таассуроти меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси сеюми оби Душанбе аз тамошои дараи Ромит
ТОҶИКИСТОН — ШВЕЙТСАРИЯИ ДУЮМ. Меҳмонон ва иштирокдорони Конфронси оби Душанбе аз тамошои манзараҳои дилфиреби Варзоб, хусусан оби мусаффои дарёи Сиёма ангушти ҳайрат газиданд