Лигаи миллии футбол: 11 даста дар Лигаи олӣ
Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).-Дар Чемпионати 25-уми Тоҷикистон байни дастаҳои Лигаи олӣ 11 даста ширкат мекунад. Инҳо дастаҳои “Истиқлол”, КМВА “Помир”, “Барқчӣ” ( Душанбе), “Хуҷанд” (Хуҷанд), “Равшан” (Кӯлоб), “Регар ТадАЗ” (Турсунзода), “Хайр” (Ваҳдат), “Вахш” (Қурғонтеппа), “Далерон-Ӯротеппа” (Истаравшан), “Парвоз” (Бобоҷон Ғафуров) ва «Ҳосилот» (Фархор) мебошанд. Тавре ки аз ФФТ хабар доданд, мусобиқа аз 8 апрел оғоз шуда, дар даври аввал тимҳои “Вахш” бо “Регар-ТадАЗ”, “Хуҷанд” бо “Парвоз”, “Истиқлол” бо “Барқчӣ”,”Хайр” бо “Ҳосилот” ва “Далерон-Ӯротеппа”бо “Равшан” вориди майдон мешаванд.
Имсол дастаи “Барқи тоҷик” тағйири ном карда, бо исми “Барқчӣ”фаъолият мекунад. Дар ҳайати ин даста аслан футболбозони мунтахаби то 19-солаи мамлакат, ки шарафи Тоҷикистонро дар бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё дар Баҳрайн ҳимоя мекунанд, шомил мебошанд. Дастаро мутахассиси украинӣ Роман Пилипчук машқ медиҳад.








Дар ноҳияи Ёвон ғолибони мусобиқаи байналмилалӣ аз рӯи гӯштини ҷудо қадрдонӣ карда шуданд
PARIMATCH TAJIKISTAN ва КФ «Хуҷанд» оғози шарикии бузургро эълон карданд
Бозии дӯстона байни дастаҳои мунтахаби занонаи Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ мусовӣ анҷом ёфт
ҶОМИ ҶАҲОН ОИД БА БОКС. Аз Тоҷикистон дар ин мусобиқа даҳ варзишгар иштирок мекунад
Дар ноҳияи Данғара фестивали бозиҳои миллӣ бо шукуҳи хосса баргузор шуд
Лигаи футболи Тоҷикистон дар остонаи мавсими нав барои комиссарон семинари омӯзишӣ баргузор кард
Дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба футболи электронӣ нахустин маротиба дар мусобиқаи FIFAe Nations League иштирок мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол бо тими Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ду бозии дӯстона доир мекунад
Дастаи миллии занонаи Тоҷикистон оид ба футбол дар Душанбе ба машқҳои дастҷамъона фаро гирифта шуд
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар Ҷопон дар мусобиқаи байналмилалӣ иштирок кард
Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-16) оид ба футбол дар «Ҷоми рушд-2026» ҷойи панҷумро соҳиб гардид
Дастаҳои футболи Тоҷикистон бо дастурҳои навшудаи доварон барои мавсими 2026 шинос шуданд






