Литсейи №1 шаҳри Хуҷанд соҳиби толори варзишӣ гашт
Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Дар литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М. Осимии шаҳри Хуҷанд толори варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.
Толори варзишӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо маблағи 1 миллиону 130 ҳазор сомонӣ бунёд гардид. Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода зикр кард, ки бахшида ба 25-солагии Истиқлолияти давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд 100 иншооти гуногуни ҷашнӣ ба нақша гирифта шудааст, ки дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз 20 адади он мавриди истифода қарор мегирад. Аз ҷумла, бунёд гардидани толорҳои варзишӣ далели он аст, ки имрӯз Ҳукумати кишвар ба самти варзиш аҳамияти ҷиддӣ дода, ғамхори ҷавонон ва варзишгарон мебошад.
Литсейи физикӣ-математикии №1 дар давоми 30 соли фаъолияти худ аз набудани толори варзишӣ танқисӣ мекашид ва хонандагон дар фасли сармо имконияти иҷрои бозиҳои варзиширо надоштанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Душанбе дарси маҳорати байналмилалӣ оғоз гардид
Дар ноҳияи Рӯшон кишти баҳорӣ оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Форуми байналмилалии ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор Тоҷикистонро чун давлати дорои иқтисоди сабз ва рақамӣ муаррифӣ менамояд
«МегаФон Life»: чӣ тавр аз Русия метавон бо манфиат занг зад
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Занону духтарони шаҳри Турсунзода тарғибгари либоси миллӣ мебошанд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст






