Маъмурияти дипломатии Сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон ба анҷом расид
Душанбе, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 7 марти cоли 2016 муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Н. Зоҳидӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Корея дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқомат дар шаҳри Тошканд) Ли Ук Хёнро ба муносибати ба анҷом расидани маъмурияти дипломатияш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни суҳбат перомуни ҳолат ва дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистон ва Корея дар арсаҳои тиҷорат, иқтисод, энергетика, фарҳанг, маориф ва инчунин тавсеаи ҳамкории байни ниҳодҳои мухталиф ва доираҳои соҳибкорони ду кишвар табодули назар сурат гирифт.
Масъалаҳои ҳамкории минбаъдаи ду кишвар дар ҳошияи СММ ва дигар созмонҳои бисёрҷониба баррасӣ шуданд.
Дипломати тоҷик ба Сафири Ҷумҳурии Корея барои саҳмаш дар рушди муносибатҳои дуҷониба изҳори ташаккур намуда, ба ӯ дар фаъолияти минбаъдааш муваффақиятҳо орзу намуд.








Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон раъду барқ ба амал меояд
Варзишгарони паралимпии Тоҷикистон бо 37 медал ба Ватан баргаштанд
Шарҳи расмии Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба раддабандии ҷумҳурӣ аз лиҳози ифлосшавии ҳавои атмосферӣ
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






