Марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва нуқтаҳои интиқоли пул 129 адад зиёд гардиданд

Март 29, 2016 09:40

Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ «Ховар»). –Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи рақобатпазирии ташкилоти қарзии ҷумҳурӣ, мутобиқ намудани фаъолияти ташкилоти молиявӣ ба меъёрҳои муосири ҷаҳонӣ ва тақвияти сиёсати пулию қарзии ҷумҳурӣ, соли гузашта аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон дар низоми бонкӣ барои дастгирии иқтисодиёти кишвар ва эҷод намудани фазои бовар барои аҳолӣ якчанд ислоҳот гузаронида шуд.
Аз ҷумла, соли 2015 Бонки миллии Тоҷикистон барои ба тартиб ва танзим даровардани фаъолияти ташкилоти қарзии хурд, ташкилоти амонатгузории қарзии хурд ва фондҳои қарзии хурд се дастурамал таҳия намуд, ки мутобиқи онҳо ташкилоти қарзӣ дар муҳлати муайяншуда, барои таъмин намудани рақобатпазирии ташкилоти худ бояд сармояи оинномавияшонро то меъёри муайяншуда зиёд мекарданд. Дар ин муддат бархе аз ташкилоти қарзӣ сармояи оинномавии худро пурра намуданд ва қисмати дигари онҳо бо роҳи муттаҳидшавӣ сармояи оинномавиро ба маблағи муқарраршуда баробар карда истодаанд. Мутаассифона, ҳолатҳое низ вуҷуд доранд, ки қисмате аз ташкилоти қарзӣ бинобар сабаби иҷро карда натавонистани муқаррароти дастурамалҳои Бонки миллии Тоҷикистон бо дархост муроҷиат намуда, ихтиёран фаъолияти ташкилоти худро қатъ мекунанд.
Агар ба таҷрибаи бонкдории ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ намоем, аз майдони рақобати тезутунди низоми бонкӣ берун шудани ин ё он бонку ташкилот ва ё фондҳои қарзии хурд ҳодисаи нав нест, зеро дар шароити иқтисоди бозорӣ дар мамолики гуногуни дунё ҳамарӯза садҳо ва ҳатто ҳазорҳо ширкату созмонҳо ба қонунҳои бозор тоб оварда натавониста, баста мешаванд ва аз эҳтимол дур нест, ки ба ҷойи онҳо ба ҳамин миқдор корхонаю ташкилоти нав низ рӯи кор оянд.
Барои мисол, дар солҳои 2014-2015 дар қаламрави Русия бо қарори бонки марказии он фаъолияти зиёда аз 200 ташкилоти қарзӣ қатъ карда шуд. Гузашта аз ин, танҳо дар дуюним моҳи соли равон боз ҳам дар кишвари Русия аз 26 ташкилоти қарзӣ иҷозатномаҳо барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бозхонд гардиданд. Чунин ҳолатро дар низоми бонкии дигар ҳамсоякишварҳо низ мушоҳида кардан мумкин аст.
Бонки миллии Тоҷикистон бе сабабу далелҳои қотеъ дар бораи қатъ намудани фаъолияти ягон ташкилоти қарзӣ қарор қабул намекунад. Баръакс вазъи бади молиявӣ ва мутобиқ набудан ба меъёрҳои талаботӣ бархе аз ташкилоти қарзиро водор намудааст, ки дар шароити феълӣ фаъолияти худро қатъ намоянд.
Бонки миллии Тоҷикистон аз тариқи сомонаи расмии худ ҳамарӯза аз навигариву рӯйдодҳо дар низоми бонкии кишвар хабар медиҳад. Аммо ҳафтаҳои охир ахбори қатъ шудани фаъолияти якчанд ташкилоти қарзӣ дар кишвар дар расонаҳо садоҳои гуногунеро ба миён овардааст. Дар робита ба ин, иттилоъ медиҳем, ки то имрӯз дар низоми бонкии кишвар ҳамагӣ аз 16 ташкилоти қарзии хурд ва 1 фонди қарзии хурд иҷозатнома ва шаҳодатномаи анҷом додани амалиёти бонкӣ дар асоси аризаи барҳамдиҳии ихтиёрӣ бозхонд шудааст. Барои тақвияти фикр маълумоти бештареро ба хонанда пешниҳод менамоем. Дар 17 ташкилоти номбурда 38 нафар кор мекард ва ҳар яки онҳо ҳамагӣ ду ё се корманд дошт. Бо ин миқдор мутахассис дар як вақт анҷом додани чандин амалиёти бонкӣ имкон надорад. Дар бораи сатҳи баланди хизматрасонӣ ба муштариён хоҷати гап ҳам нест, зеро баъзе аз ин ташкилот ҳатто суроғаи муайян ва дафтари корӣ надоштанд ё қисме аз онҳо дошта бошанд ҳам, дар як шароити барои хизматрасонии молиявӣ номусоид амал мекарданд. Метавон гуфт, ки дар аксарияти онҳо муддатҳои тӯлонӣ ягон амалиёти бонкӣ гузаронида намешуд, ҳисоботи молиявияшонро пешниҳод намекарданд. Саҳми онҳо дар ҳаҷми умумии пешбурди фаъолияти бонкии ташкилоти қарзии хурд ҳамагӣ хеле ночиз буд. Вақтҳои охир ин ташкилот барои зиёд намудани сармояи оинномавиашон ҳатто кӯшиш ҳам намекарданд.
Дар баробари қатъ гардидани фаъолияти бархе аз ташкилоти қарзии ба рақобати иқтисоди бозаргонӣ тоб оварда натавониста, ҳоло барои нишон додани фаъолияти хуб ва васеъ шудани имкониятҳои гузаронидани амалиётҳои гуногуни молиявӣ бо қарори Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон аз 14 марти соли равон ба Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурд “Алиф-Сармоя” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд.
Ҳамзамон дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шуруъ намуд. Бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” Иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода шуд, ки он барои васеъ намудани доираи амалиёти бонкӣ, таъмини дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифат ва муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъи молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ мусоидат хоҳад кард.
Дар робита ба вазъи бозори дохилии асъор ва қурби пули миллӣ иттилоъ медиҳем, ки мутобиқи таҳлилҳои солҳои охир, буҳрони шадиди иқтисодию молиявии ҷаҳонӣ ва яке аз омилҳои болоравии қурби асъор дар кишвар ҳаннотии кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор ба ҳисоб мерафт. Пӯшида нест, ки солҳои гузашта қурби асъор дар нуқтаҳои мубодилаи асъор идоранашаванда шуда, миёни қурби расмӣ ва бозорӣ тафовути калон ба миён меомад ва ин боиси нороҳатӣ ва нигаронии шаҳрвандон мегашт. Ин омил сабаб шуд, ки тибқи ислоҳоти нав нуқтаҳои мубодилаи асъор баста шуда, иҷрои вазифаи онҳо ба ташкилоти қарзӣ дода шуд. Табиист, ки гузариш ба низоми нав ва амалӣ шудани ҳама гуна ислоҳоту меъёрҳо вақту замонро талаб мекунад. Имрӯз бо ташкили марказҳои хизматрасонии бонкӣ аз ҷониби ташкилоти қарзӣ вазъият тағйир ёфтааст ва тавре шоҳид ҳастем, дар муқоиса бо беқурбшавие, ки соли гузашта ва моҳи аввали соли равон дида мешуд, ин ҷараён хеле ба танзим даромада, ҳоло қурби расмии БМТ бо қурби бозорӣ баробар шудааст.
Ҳоло дар ҷумҳурӣ ба ҷойи нуқтаҳои мубодилаи асъори басташудаи ташкилоти қарзӣ 129 маркази хизматрасонии бонкӣ, нуқтаҳои интиқоли пул ва нуқтаҳои хизматрасонии хазинавӣ (ин рақам ниҳоӣ нест ва рӯ ба афзоиш дорад) кушода шудаанд, ки қисмате аз онҳо дар реҷаи шабонарӯзӣ ба мардум хизмат мерасонанд. Дар маҷмӯъ, шумораи онҳо имрӯз зиёда аз 4 ҳазор ададро ташкил медиҳад.
БМТ изҳор намояд, ки мақсад аз гузаронидани ислоҳоти ҷадиди Бонки миллии Тоҷикистон ба талаботи ҷаҳони муосир ва меъёрҳои соҳавӣ мутобиқ намудани низоми бонкии кишвар, дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани татбиқи сиёсати пулию қарзӣ ва ба ин васила дастгирии ҳамаҷонибаи иқтисодиёти воқеии ҷумҳурӣ ба шумор меравад.

Март 29, 2016 09:40

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Кумитаи телевизион ва радио бахшида ба 30-солагии таъсиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Ду сокини ноҳияи Ёвон барои риоя накардани қонуни танзим ҷарима карда шуданд
Дар Беморхонаи марказии шаҳри Кӯлоб хизматрасонии тиббӣ беҳтар мешавад
«ПЕШВОИ МАН-ИФТИХОРИ МАН». Дар Душанбе байни кӯдакони ятиму бепарастор озмун оғоз гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Ҳунармандони Мастчоҳ соҳиби грантҳои раиси ноҳия шуданд
«НАҚШИ ҶАВОНОН ДАР ДАВРОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ -ДАСТОВАРД ВА ДУРНАМО». Дар Душанбе ҳамоиши кормандони ҷавони соҳаи роҳи оҳан доир шуд
«МО НАКУНЕМ, КӢ МЕКУНАД?». Дар Душанбе бо иштироки волонтёрон аксияи зимистона баргузор гардид
Дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон конференсия доир шуд
Дар Майотта бар асари тӯфони Чидо беш аз 20 нафар ҳалок гардид
Сардии ҳавои Бадахшон сабаби ҷорӣ шудани маҳдудият дар интиқоли муътадили неруи барқ гардид
Донишҷӯёни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Намоиш-озмуни «Меъмор-2024» соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд