Муаррифии «Адабиёт ва санъат» дар Минск

Март 16, 2016 08:23

Душанбе, 16.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- 14 марти соли равон дар Хонаи матбуоти «Звязда»-и ҷумҳурии Беларус маросими муаррифии шумораи махсуси ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат», ки ба адабиёт ва фарҳанги ин кишвар бахшида шуда буд, доир гардид.
Директори Хонаи матбуоти «Звязда» Александр Карлюкевич зимни суханронии ифтитоҳӣ пешниҳод намуд, ки минбаъд дар мавриди чопи китобҳо дар бораи Тоҷикистону Беларус ва китобҳо барои кӯдакон лоиҳаҳои нав бояд амалӣ шаванд.
Зимни муаррифӣ котиби масъули рӯзномаи «Полимя» Юлия Алейченко иттилоъ дод, ки дар шумораҳои наздики нашрияи мазкур мусоҳиба бо адибони ҷавони тоҷик ба нашр мерасад. Номбурда ҳамчунин шеъри яке аз шоирони тоҷикро, ки худ тарҷима кардааст, қироат намуд.
Сафири Тоҷикистон дар ҷумҳурии Беларус Қозидавлат Қоимдодов зимни суханронӣ зикр кард, ки робитаҳои фарҳангӣ омили муҳими истеҳком ва густариши муносибати байни давлатҳо мебошанд.
Дар ин хусус аз сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Беларус хабар доданд.

Март 16, 2016 08:23

Хабарҳои дигари ин бахш

«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад