Муаррифии Китобхонаи рақамии ДДХ
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд (ДДХ) ба номи академик Бобоҷон Ғафуров муаррифии «Китобхонаи рақамии донишгоҳ» доир гардид.
Ректори донишгоҳ Анвар Мақсудов зикр намуд, ки татбиқи «Барномаи давлатии компютерикунонии мактабҳои таҳсилоти умумӣ», гузариш ба низоми таҳсилоти кредитӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, таъсиси низоми ягонаи қабул ба мактабҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ ва монанди инҳо аз ҷумлаи иқдомоте мебошанд, ки имрӯз барои баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ва дарёфти хонандагону донишҷӯёни болаёқат мусоидат доранд.
Сардори Маркази тестии донишгоҳ Дилшод Музаффаров дар мавзӯи «Китобхонаи рақамии ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров: таъсис, ҳадаф ва дурнамо» маърӯза намуда, иброз дошт, ки китобхонаи рақамӣ дорои махзани бузурги китобҳои электронӣ буда, дар он 12 ҳазор китоби дарсӣ, 8 ҳазор роҳнамои таълимӣ, 3 ҳазор комплекси таълимӣ, 2 ҳазор китоби илмӣ, 900 силлабусу маҷмӯи масъалаҳо, 1 ҳазор тесту муаррифӣ, 170 китоби мактабӣ, китобҳои бадеиву оммавӣ-сиёсӣ, луғатҳо ва қомусҳо мавҷуданд.
Китобхонаи рақамӣ дар тамоми биноҳои донишгоҳ барои донишҷӯёну омӯзгорон ва кормандон дастрас буда, истифодабарандагон метавонанд бе мушкилӣ аз он маводи зарурии худро гиранд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






