Мулоқоти Пешвои миллат бо Сергей Михайлов ва Михаил Гусман
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон директори генералии ТАСС Сергей Михайлов ва муовини аввали ӯ Михаил Гусманро, ки барои иштирок дар ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии кишварҳои ИДМ ба Душанбе омадаанд, ба ҳузур пазируфт.
Зимни суҳбат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оид ба нақши иттилоот дар ҷаҳони муосир изҳори ақида карда, зикр намуд, ки ВАО дар ташаккули афкори умум ва идора кардани он нақши калидӣ доранд, бино бар ин мо тамоми чорабиниҳоеро, ки ба ҳамкорӣ дар ин самт нигаронида шудаанд, ҳамаҷониба дастгирӣ мекунем.
Вобаста ба воқеаҳое, ки дар ҷаҳони имрӯза, дар Шарқи Наздик, хусусан дар наздикии сарҳади ҷанубии ИДМ рух медиҳанд, ҳамкории самарабахши ВАО-и давлатҳои мо дар самти муқовимат ба тарғиботи таҳрифкоронаи қувваҳои терроризми ҷаҳонӣ ва ифротгароии диниву мазҳабӣ ниҳоят муҳим аст.
Дар рафти мулоқот ҳамчунин доир ба масъалаҳои гуногун, аз қабили муносиботи стратегии Тоҷикистону Русия, нақши Тоҷикистон дар созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, аз ҷумла, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар мавзӯъҳои ҷолиб табодули афкор сурат гирифт.








Маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Федеративии Бразилия Луис Инасиу Лула да Силва барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Тавзеҳот ба фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани мораторий ба ҳама намуди санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна»
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Ноиби Президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд Маттео Патроне мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе ба фаъолияти истеҳсолии ҶДММ «Шаҳдоб» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Душанбе корхонаи масолеҳи сохтмонии ҶДММ «Эко Блок»-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон барои бунёди эстакадаҳои дусатҳа ва азнавсозии пули мошингузар дар хиёбони Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе санги асос гузоштанд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор вазорату идораҳо таъиноти кадрӣ ба амал оварданд






