Мулоқоти Р. Назарзода бо И. Элизабет
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Назарзода бо сафири Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум И. Элизабет вохўрд. Ҷонибҳо ба масоили густариши ҳамкорӣ дар самти эътино дар ҳолатҳои фавқулодаи табиӣ изҳори назар намуданд. Раиси кумита аз ҳолатҳои фавқулодаи соли 2015, ки дар ҷумҳурӣ ба амал омада буданд, ёдовар гардида, дар ин самт кумаку дастгирии Амрикоро баланд арзёбӣ кард. Ҳамчунин барои идомаи ҳамкории минбаъда ва судманд низ изҳори назар карда шуд.
Раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Рустам Назарзода инчунин бо иҷрокунандаи муваққатии сафири Шоҳигарии Арабистони Саудӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳамза Б.Н. Ал-Ҳарбӣ мулоқот кард.
Зимни мулоқот масоили густариши ҳамкории дуҷониба бо мақсади эътинои ҳолатҳои фавқулодаи табиию техногенӣ, амалисозии барномаҳои соҳавӣ бо Шоҳигарии Арабистони Саудӣ ва дигар масоил мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифт.








Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»






