Мулоқоти шаҳрдори Хуҷанд бо донишҷӯёне, ки дар Душанбе таҳсил доранд
Хуҷанд, 15.03.2016. (АМИТ “Ховар”).-14 март раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади ошноӣ бо вазъи иҷтимоӣ ва таҳсили ҷавононе, ки дар муассисаҳои таълимии шаҳри Душанбе таҳсил доранд, дар маркази фарҳангии “Ориёно”-и пойтахт бо донишҷӯёни аз Хуҷанд таҳсилкунанда вохӯрд.
Тавре ки ба хабарнигори АМИТ “Ховар” масъули хадамоти матбуотии шаҳрдори Хуҷанд Маҳмудҷон Муҳаммадӣ хабар дод, дар вохӯрӣ беш аз 300 донишҷӯ ширкат намуда, доир ба шароити таҳсил ва имкониятҳои донишомӯзии худ ба шаҳрдор маълумот доданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд аз иштирокдорон даъват намуд, ки онҳо ба донишандӯзии худ ҳамаҷониба эътибор дода, дар омӯзиши фанҳои ихтисосии худ саъю кӯшиш намоянд. Дар баробари рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф табиист, ки ниёз ба мутахассисони баландихтисос рӯз аз рӯз зиёд мегардад. Бинобар он дар шаҳри Хуҷанд имконияти мусоиди бо ҷойи кори хуб таъмин шудан мавҷуд аст. Мутахассисони ҷавон бояд баъди таҳсил ба шаҳри Хуҷанд баргашта, саҳми арзандаи худро дар раванди тараққиёти самтҳои гуногуни хоҷагии халқ гузоранд.
Дар интиҳо ба донишҷӯён аз ҷониби раиси шаҳри Хуҷанд кумакҳои яквақтаинаи молиявӣ расонида шуда, барои онҳо дастурхони идонаи наврӯзӣ ва ҳамчунин барномаи рангини фарҳангӣ бо иштироки санъаткорони Хучанд ташкил шуд.