Муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир

Март 10, 2016 13:20

Душанбе, 10.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия сокини 35-солаи ноҳияи Қумсангир бо гумони даст доштан дар муомилоти ғайриқонунии маводи нашъадор дастгир шуд.  Дар вақти кофтукови шахсӣ аз номбурда 4 килою 5 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.

Нисбат ба далели мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.

Март 10, 2016 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш