Мусобиқаи варзишии духтарона дар Деваштич

Март 10, 2016 16:27

Хуҷанд, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Дар ноҳияи Деваштич бахшида ба Рӯзи Модар байни духтарон якчанд мусобиқаи варзишӣ, аз қабили бозиҳои шоҳмот ва шашка дар муассисаҳои таълимӣ, тенниси рӯи миз дар муассисаи наврасону ҷавонони ноҳия ва волейбол дар толори варзишии деҳаи Истиқлоли ноҳияи Деваштич баргузор гардид.
Мусобиқа бо ибтикори ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Варзишгар» ва дар доираи нақшаи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд роҳандозӣ гардид.
Дар мусобиқаи тенниси рӯи миз, ки байни хонандагони муассисаҳо ва хатмкардагон доир гардид, ҷои аввал насиби МахфиратАкрамова, ҷои дуюм насиби Умеда Ҳайдарова ва ҷои сеюм насиби Шаҳноза Комилова гардид.
Ҳамчунин дар мусобиқаи варзишӣ аз намуди волейбол 7даста аз 7 муассисаи таълимӣ иштирок намуда, ғолибият насиби МТМУ №20 гардид.
Ғолибон бо медалҳо ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.

Март 10, 2016 16:27

Хабарҳои дигари ин бахш

Соҳибкори маҳаллӣ дар ҷамоати деҳоти Даҳанаи ноҳияи Ёвон бунгоҳи тиббӣ бунёд кард
Дар Бадахшон шумораи марказҳои рушди барвақтии кӯдакон меафзояд
Дар Фестивал-озмуни телевизионии «Бӯстон-2017» дар Тоҷикобод фарҳанги миллии либоспӯшӣ намоиш дода шуд
Ноҳияи Ш. Шоҳин: убури ғайриқонунии сарҳад пешгирӣ мешавад
Ярмаркаи либоси мактабӣ ва тақдими либоси ройгон ба хонандагони ятим
Шариф Назарзода: «Маданияти шаҳрдорӣ» дар Суғд ба камшавии шумораи ҷиноятҳо мусоидат намуд
Сангвор: ба 203 нафар сокинон барои рушди соҳибкорӣ қарзҳои имтиёзноку дарозмуддат дода шудаанд
Хатлон: истеҳсоли маҳсулот дар ҳачми 2,6 млрд. сомонӣ
Қабули қонуни танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Бӯстон натиҷагирӣ карда шуд
Дуздии 2 ҳазор доллари амрикоӣ аз ҷониби ноболиғони 17- сола
«Фардои Ватан ва ояндаи миллатро бо дасти худ бисозем»-бардошт аз мулоқоти раиси вилояти Хатлон бо ҷавонон
Семинари омӯзишӣ оид ба «Таъмини дастрасии биноҳо ва иншоот барои шахсони имконияташон маҳдуд»