Мусодираи беш аз 13 кило маводи ҳашиш дар вилояти Суғд
Душанбе, 25.03.2016. (АМИТ «Ховар»).-23 марти соли равон дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Б. Ғафуров сокини 37-солаи шаҳраки Ғафуров, ки қаблан бо моддаи 200 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир дастгир шуд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз дастгиршуда 12 килою 105 грамм маводи нашъадори навъи ҳашиш дарёфт ва мусодира гардид.
Ҳамчунин дар ин рӯз зимни як чорабинии фаврӣ дигар кормандони ШВКД дар шаҳри Гулистон сокини 41-солаи шаҳри Хуҷандро бо ҷурми даст доштанаш дар чунин ҷиноят дастгир намуданд. Дар вақти кофтукови шахсӣ аз гумонбаршуда 1 килою 25 грамм маводи ҳашиш дарёфт ва мусодира шуд.
Ҷамъи маводи нашъадори мусодирашуда 13 килою 130 граммро ташкил медиҳад.
Нисбат ба далелҳои мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.








Дар соҳили дарёи Чангоб ҳашари экологии «Тозагии соҳил – 2026» гузаронида шуд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад






