Нақши Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ
Таъмини рушду пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти Давлат ва Ҳукумати кишвар ба шумор меравад.
(Аз ПаёмиПрезидентиҶТ баМаҷлиси Олӣ, 20.01.2016)
Душанбе, 29.03.2016. (АМИТ “Ховар”). — Раванди ҷаҳонишавии иқтисодиёт ва пайдо гаштани рақобати шадид дар муносибатҳои нави бозоргонӣ моро водор месозад, ки ҷузъҳои таркибии ин бахши муҳими иқтисодиётро мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор диҳем. Тавре ки маълум аст, яке аз ҷузъиёти асосии ин раванд фаъолияти соҳибкорӣ ва инкишофи бахши хусусӣ чун субъекти фаъоли иқтисоди бозорӣ дар кулли соҳаҳои иқтисодиёт арзёбӣ мегардад. Бо назардошти аҳамияти бузурги бахши хусусӣ, Ҳукумати мамлакат ҳамеша ба такмил додани механизҳои озоди иқтисодӣ, сода гардидани низоми андозбандӣ, ислоҳоти сохторҳои молиявию бонкӣ ва суғурта, ки бо дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ мусоидат мекунад тадбирҳои зарурӣ андешида истодааст. Зеро бахши хусусӣ бо истифода аз имкониятҳои мавҷуда дар пешрафти иқтисодиёт, баланд бардоштани сатҳи некўаҳволии мардум ва ғанӣ гардонидани имкониятҳои буҷети давлат метавонад саҳми намоён гузорад. Аз ин рў, Ҳукумати мамлакат ин соҳаҳоро самти афзалиятноки сиёсати иқтисодии худ қарор додааст.
Тавре ки аён аст, солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории истеҳсолӣ як силсила ислоҳот, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, кам кардани монеаҳои маъмурӣ ва дахолати давлат ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ равона гардидаанд, анҷом дода шудаанд. Таҳия ва қабули Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ», «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ, «Дар бораи шарики давлат ва бахши хусусӣ»,«Дар бораи сармоягузорӣ», «Дар бораи хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ)», қабули «Кодекси андоз”, «Барномаи давлатии дастгирии соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонбарои солҳои 2012-2020», «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2011-2015», Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани моратория ба ҳама намуди санҷишҳои субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ», «Дар бораи ислоҳоти низоми иҷозатдиҳӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз боҷи гумрукӣ озод намудани воридоти техникаву таҷҳизотҳо, ки барои таъсис додани корхонаи нави истеҳсолӣ пешбинӣ гардидаанд, таъсиси «Равзанаи ягона» борои бақайдгирии субъектҳои соҳибкорӣ ва Шўрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раисони вилоятҳо шаҳри Душанбе оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ аз ҷумлаи тадбирҳои асосӣ дар ин самт мансуб меёбанд.
Дар баробари ин, барои ба талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани фазои сармоягузорӣ, рушди бахши хусусиву соҳибкорӣ ва ҳамгироӣ бо иқтисоди ҷаҳонӣ, ки аз ҳадафҳои муҳими Ҳукумати Тоҷикистон ба шумор меравад, чораҳои ҷиддӣ андешида шуда, дар кишвар шароити озоди рақобат фароҳам оварда шудааст ва аз лиҳози ҳимояи ҳуқуқӣ байни шахсони ҳуқуқиву воқеии дохилӣ ва хориҷӣ ягон фарқияти ҷиддӣ вуҷуд надорад.
Дар натиҷаи роҳандозии сиёсати дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ ва фазои сармоягузорӣ, ҳиссаи бахши хусусӣ дар ташаккули маҷмўи маҳсулоти дохилӣ мунтазам афзуда дар соли 2015-ум 67 фоизро ташкил додааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2010 тақрибан 34,4% зиёд мебошад. Ҳамзамон дар ин давра ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими хориҷӣ ба иқтисодиёти кишвар беш аз 1,8 маротиба зиёд ва мавқеи Тоҷикистон дар доираи ду нишондиҳандаи асосии танзимкунандаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, яъне дастраси ба захираҳои қарзӣ ва андозбандӣ, дар миёни 189 кишварҳои ҷаҳон бошад, аз 9 то 43 зина боло рафт, ки ин аз боз ҳам беҳтар гардидани шароити мусоид барои пешбурди тиҷорат дар кишвари мо дарак медиҳад. Тафсилоти бештар дар ин равандро метавон дар ҷадвали зерин мушоҳида намуд:
Ҷадвали 1
Динамикаи тағйирёбии мавқеи Тоҷикистон дар иртибот ба дастрасӣ ба захираҳои қарз ва низоми андозбандӣ дар солҳои 2010-2015.
Кишварҳои
дар рейтинг фарогирифта |
Дастраси ба захираҳои қарзӣ | Низоми андозбандӣ | |
DB -2010 | 183 | 167 | 162 |
DB -2011 | 183 | 168 | 165 |
Тағйирот дар рейтинг | — | -1 | -3 |
DB -2012 | 183 | 177 | 168 |
DB -2013 | 185 | 180 | 175 |
Тағйирот дар рейтинг | 2 | -3 | -7 |
DB -2014 | 189 | 159 | 178 |
DB -2015 | 189 | 116 | 169 |
Тағйирот дар рейтинг | — | 43 | 9 |
Манбаъ: Ҳисоботи Бонки ҷаҳонӣ “Doingbussines (DB) 2010-2015”http://russian.doingbusiness.org/data/exploreeconomies/tajikistan
Мувофиқи рақамҳои омории ҷадвали мазкур, то соли 2013 Тоҷикистон мавқеи худро миёни кишварҳои аъзои рейтинг дар робита ба ду индикатори асосии тамзимкунандаи пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ то 7 зина аз даст додааст. Баъзе аз сабабҳои асосии нисбатан поён рафтани мавқеи Тоҷикстон дар доираи дастрасӣ ба захираҳои қарзӣ ва низоми андозбандӣ дар ин давраро коршиносони масоили иқтисодӣ дар таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008-2010 ва торафт шиддат гирифтани низоми рақобат дар миёни кишварҳо вобаста ба пешбурди тиҷорат ва ҷалби сармоягузориҳо маънидод менамоянд. Тавре ки аз ҷадвал мушоҳида мегардад, аз соли 2014 ин ҷониб дар ин раванд тағйиротҳои ҷиддӣ ба назар расида, Тоҷикистон тавонистааст мавқеи худро дар доираи ин ду нишондиҳандаи муҳими танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз 9 то 43 зина боло бардорад. Сабабҳои асосии беҳтар гардидани мавқеи Тоҷикистон дар ин давра, агар аз як тараф бо такмил ёфтани низоми қонунгузорӣ, ташкили равзанаи ягона, ки ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ алоқаман бошад, аз ҷониби дигар дар таҳия ва татбиқи Кодекси нави андоз бо назардошти пешниҳоди имтиёзҳои зиёди андози ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ ва таъсиси Муассисаидавлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (МД ФДСҲҶТ) арзёбӣ мегардад.Ин бори дигар аз баланд гаштани сатҳи рақобатпазирии иқтисодиёти милли ва мутобиқгардидани он ба низоми иқтисоди ҷаҳонӣдарак медиҳад.
Умуман, мавқеи Тоҷикистон дар миёни кишварҳои ҷаҳон вобаста ба Пешбурди тиҷорат сол ба сол беҳтар гардида, соли 2015 аз рўи ҳисоботи Бонки Ҷаҳонӣ «Пешбурди тиҷорат-2015» миёни189 кишварҳои ҷаҳон дар 166 ҷой қарор дошт, ки ин нишондиҳанда дар соли 2014 ба 177 баробар буд, яъне танҳо давоми ду соли охир Тоҷикистон тавонистааст мавқеи худро оид ба пешбурди тиҷорат 11 зина боло бардошта, бори сеюм ба қатори даҳ кишвари барандаи ислоҳот ворид шавад.
Бояд зикр намуд, ки соҳаҳои саноат аз ҷумлаи самтҳои асосии фаъолияти МД ФДСҲҶТ дар иртибот ба пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок маҳсуб меёбад. Президенти кишвар дар Паёми солонаи худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди соҳаи саноат тавваҷўхи ҷидди зоҳир намуда, таъкид доштанд, ки: «Мо азм дорем, ки масъалаҳои таъмини рушди устувори иқтисодӣ, пешрафти бахшҳои воқеии иқтисодиёт, тавсеаи имкониятҳои содиротии мамлакат, беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ ва дастгирии соҳибкорӣ, самаранокии бозори меҳнат, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, такмили низоми идораи давлатӣ ва тақвияти неруи инсониро ҳал намоем».
Хотиррасон бояд намуд, ки аксарияти кишварҳои тараққикардаи ҷаҳон маҳз тавассути таъмини рушди саноати хеш ба дастовардҳои назарраси сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоию фарҳангӣ ноил гаштаанд. Дар замони муосир бе таъмини рушди саноат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ дар истеҳсолот ба муваффақиятҳо ноил гаштан ғайри имкон мебошад.
Ҷадвали 2
Нишондиҳандаҳои асосии соҳаҳои саноат аз рӯи шаклҳои моликият дар соли 2014
Шумораи корхонаҳо, воҳид | Шумораи кормандон, ҳазор нафар | Ҳаҷми маҳсулот, ҳазор сомонӣ | |
Ҳамагӣ | 1804 (100%) | 76,3 (100%) | 9951793 (100%) |
Сектори давлатӣ
аз он: ҷамъияти саҳомӣ корхонаҳои муштарак |
278 (15,4%)
92 21 |
42,3 (55,4%)
5,9 5,3 |
3576645 (35,9%)
410239 619430 |
Сектори ғайридавлатӣ |
1526 (84,6%) |
34,0 (44,6%) |
6375148 (64,1%) |
Шумораи корхонаҳо, воҳид | Шумораи кормандон, ҳазорнафар | Ҳаҷми маҳсулот, ҳазорсомонӣ | |
Ҳамагӣ | 2164 (100%) | 81.7 (100%) | 10539680(100%) |
Секторидавлатӣ
аз он: ҷамъияти саҳҳомӣ корхонаҳои муштарак |
360 (16,6%)
240
13 |
43.4 (53,1%)
14.0
4.1 |
4506337 (43,8%)
1233461
710901 |
Сектори ғайридавлатӣ | 1804 (83,4%) | 38.3 (46,9%)
|
6033343 (56,2%)
|
Манбаъ: Маълумоти Агентии омори назди Президенти ҶТ ва Кумитаи андози назди Ҳукумати ҶТ.
Тавре ки аз ҷадвал бармеояд, 83,4% шумораи корхонаҳо, 46,9% кормандон ва 56,1,1% ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти соҳаҳои саноатиро бахши ғайридавлатӣ ташкил медиҳад. Агарчӣ ҳиссаи бахши ғайридавлатӣ дар ҳамаи нишондиҳандаҳои ҷадвал нисбат ба саҳми бахши давлатӣ бештар инъикос гардад ҳам, вале дар таносуби иқтидорнокӣ (4506337:360=12517,6> 6033343:1804=3344,4) ин саҳм камтар мебошад.
Ин ифодагари он аст, ки фаъолияти бахши ғайридавлатӣ дар соҳаи саноат самаранок набуда, ба ислоҳоти ҷиддӣ ниёз дорад.
Агар мо сатҳи рақобатпазирии истеҳсоли маҳсулоти саноатиро аз рўи соҳаҳои саноат мавриди таҳлилу арзёбӣ қарор диҳем, мебинем, ки саноати сабук, хўрокворӣ ва сохтмон нисбат ба дигар соҳаҳои дараҷаи пешсафиро нигоҳ медорад. Тафсилоти бештар дар ин равандро метавон дар ҷадвали зерин мушоҳида намуд:
Ҷадвали 3
Харитаи рақобатпазирии соҳаҳои саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Омилҳои асосии рақобатпазирӣ | “Пешсаф”
(75% арзиши иловашуда, 39% захираҳои меҳнатӣ |
“Миёна”
(18% арзиши иловашуда, 41% захраҳои меҳнатӣ |
“Аутсайдер”
(7% арзиши иловашуда, 20% захираҳои меҳнатӣ |
Мавқеъ дар бозор
|
Қавигӣ дар бозори берунӣ бо вазъи баланд | Заифӣ дар бозорҳои дохили ва берунӣ аз ҳисоби рақобати шадиди рақибони хориҷӣ | |
Саноати металургия;
Саноати хўрокворӣ; |
Саноати сабук
Саноати сохтмон |
Саноати мошинсозӣ
Саноати кимиё ва нафтӣ Саноати чубу қоғаз |
|
Ҷараёни инкишофи бозор |
Суръати афзоиши талабот | Дараҷаи пасти талабот | |
Саноати хўрокворӣ
Саноати сабук Саноати сохтмон
|
Саноати металургия
Саноати кимиё ва нафт |
Саноати мошинсозӣ
Саноати чубу қоғаз |
|
Дараҷаи технологии соҳа | Суръати баланди модернизатсияи технологияҳо | Технологияи қафомонда ва сатҳи пасти сармоягузорӣ | |
Саноати сабук
Саноати хўрокворӣ |
Саноати сохтмон
Саноати мошинсозӣ Саноати металургия |
Саноати кимиё ва нефт
Саноати чубу тахта |
|
Таъмин бо захираҳои ашёи хом | Бузургии захираҳои ашёи хом | ||
Саноати сабук
Саноати хўрокворӣ Саноати сохтмон |
Манбаъ: Чадвалро муаллиф дар асосии маълумотҳои омории солҳои-2014-2015 тартиб додааст.
Аз харитаи рақобатпазирии соҳаҳои саноати кишвар бармеояд, ки саноати сабук, хўрокворӣ ва сохтмон аз рўйи ҳар чор омили рақобатпазирӣ нисбат ба соҳаҳои дигари саноат дараҷаи пешсафиро нигоҳ медорад. Ҳиссаи бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ дар ин самт бештар афзалият доранд.
Бояд гуфт, ки давоми солҳои 2010-2014 дар натиҷаи баланд гаштани сатҳи ҳавасмандӣ ба фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ, шумора ва нишондиҳандаҳои асосии корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои саноат машғуланд ва дорои мақоми шахси ҳуқуқӣ мебошанд, тамоюл ба афзоиш доранд, ки ин раванд дар ҷадвали зерин ба таври зайл нишон дода шудааст:
Ҷадвали 4
Нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти корхонаҳои хурде, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд ва мақоми шахси ҳуқуқиро доранд
Солҳо | |||||
2010 | 2011 | 2012 | 2013 | 2014 | |
Шумораи корхонаҳо (адад) | 2865 | 3367 | 3890 | 4810 | 5394 |
Шумораи кормандон (ҳаз.нафар) | 19,9 | 18,7 | 19,6 | 27,5 | 30,3 |
Фонди музди меҳнат (млн. сомонӣ) | 92,3 | 133,3 | 177,9 | 249,4 | 318,5 |
Даромад аз фурўши маҳсулот (кор, хизмат) дар як сол (млн. сомонӣ) | 1836,2 | 2363,2 | 2849,9 | 4271,1 | 5501,6 |
Аз он ҷумла ба аҳолӣ фурўхта шуда (млн. сомонӣ) | 17,8 | 31,4 | 38,3 | 100,8 | 447,0 |
Манбаъ: Омори солонаи ҶТ/ маҷмўи оморӣ/ст-218, Душанбе-2014
Ҷадвали мазкур баёнгари тағйирёбии нишондиҳандаҳои асосии корхонаҳои хурд дар давоми солҳои 2010-2014 мебошад. Тавре ки аз ҷадвал мушоҳида мегардад, дар марҳалаи баррасишаванда шумораи корхонаҳои хурд тақрибан 47%, шумораи кормандони дар ин корхонаҳо фаъолияткунанда беш аз 34,3%, фонди музди меҳнат 3,4 маротиба, ҳаҷми даромад аз фурўши маҳсулот тақрибан 3 маротиба аз он ҷумла,маҳсулоти ба аҳоли фурухташуда бошад, дар ин давра беш аз 25,1 баробар афзоиш ёфтааст.
Таҳлилҳои оморӣ дар солҳои охир нишон медиҳанд, ки суръати зиёдшавии шумораи корхонаҳои хурди истеҳсолӣ нисбат ба шумораи коргарон бештар афзалият дорад. Баъзе сабабҳои асосии он, агар аз як тараф дар самаранок фаъолият накардани ин корхонаҳо маънидод гардад, аз ҷониби дигар дар гузариши корхонаҳои мазкур ба хатҳои нави технологӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти онҳо ба талаботҳои замони муосир арзёбӣ мегардад, ки ин бевосита боиси нисбатан коҳиш ёфтани шумораи коргарон гардидааст.Ин гуфтаҳо бори дигар собит месозанд, ки рушди соҳибкории истеҳсолӣ пайваста зери дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад.
Дастрасӣ ва таъмин будан ба захираҳои қарзӣ-молиявӣ аз ҷумлаи омилҳои муҳими баланд бардоштани самаранокии фаъолияти соҳибкорӣ ва кафолати таъмини рушди устувори бахши хусусӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ арзёбӣ мегардад. Айни замон бо мақсади мусоид гардонидани шароити пешниҳоди гарав ба бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд имкониятҳои хуб фароҳам оварда шуда, қонунгузории кишвар бо мақсади васеъ намудани дастрасии бахши хусусӣ ба воситаҳои қарзии низоми бонкӣ ва аз байн бурдани мухолифати байни санадҳои қонунгузорӣ оид ба масъалаҳои гарав ва муфлисшавӣ такмил дода шудааст.
Дар натиҷаи чораҳои амалигардида, солҳои охир сарфи назар аз таъсири буҳрони ҷаҳонии молиявии солҳои 2008-2010 ҳаҷми маблағгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкорӣ тамоюл ба зиёдшавӣ дошта, давоми 5 соли охир аз 52,8 то 62,7 % афзоиш ёфтааст, ки афзоишёбии солонаи он ба ҳисоби миёна тақрибан аз10,6 то15,7%-ро дар бар мегирад. Ҳамзамон дар ин давра ҳиссаи маблағгузориҳо дар ММД аз 15% соли 2010 ба 21,4% дар соли 2014 баробар гаштааст. Ин равандро дар ҷадвали зерин метавон мушоҳида намуд:
Ҷадвали 5
Ҳаҷми маблағгузориҳо аз рўи шакли моликият давоми солҳои
2010-2014(ҳаз. сомонӣ)
Солҳо | |||||
2010 | 2011 | 2012 | 2013 | 2014 | |
Ҳамаи | 3728331 | 4799649 | 5421302 | 7530991 | 9783195 |
Бо % нисбат ба ММД | 15 | 15,9 | 14,9 | 18,6 | 21,4 |
Корхонаҳои давлатӣ | 435589 | 400309 | 772967 | 914880 | 930254 |
Корхонаҳои хусусӣ | 1865975 | 2282744 | 2070507 | 2880736 | 3953708 |
Соҳибкорон | — | 1078578 | 1420380 | 1875531 | 2895315 |
Манбаъ: Бюллетени омори бонкӣ, Душанбе , 2015
Илова бар ин, дар давоми солҳои 2010-2014 бонкҳо ва дигар ташкилотҳои молиявии мамлакат ба иқтисодиёт 34 миллиард сомонӣ қарз додаанд, ки аз ин 27 миллиард сомонӣ ё 78 фоизи он ба бахши хусусӣ рост меояд. Танҳо дар соли 2014 аз ҷониби бонкҳо ба соҳибкорон 8,2 миллиард сомонӣ, аз ҷумла ба соҳибкории истеҳсолӣ 5,1 миллиард сомонӣ қарз дода шудааст, ки нисбат ба соли 2013-ум 17 фоиз зиёд мебошад. Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбӣ ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанўз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Алҳол,меъёри миёнаи фоизи қарзҳои бонкӣ бо пули миллӣ барои муҳлати аз 6 моҳ то 1 сол тақрибан 27-28% ташкил медиҳад, ки ин ба соҳибкор имконият намедиҳад, ки чунин меъёрро пардохт намояд ва боз даромади устувор ба даст орад.
Бояд зикр намуд, ки дар Канада қарзи вогузоршуда барои муҳлати даҳ сол аз 250 ҳазор доллар бо фоизи 2-3 бештар буда наметавонад. Дар дигар ҳолатҳо, ҳукумати федералӣқисман ҳар гунна зарар оид ба қарзро ҷуброн карда, дарёфти кредит барои соҳибкории хурдро осон мекунад. Дар Корея маблағи давлатӣ барои дастгирии соҳибкории хурду миёна дар се самт ба масраф мерасад: вогузории кредити имтиёзнок (ба муҳлати то 8 сол бо 2,5 – 3% солона камтар аз фоизи бонкӣ), коркард ва ҷорӣ кардани технологияи нав ва пурра кардани маблағи дар гардиш буда. Дар Япония қарзро метавон бо 2-4% солонаи барои ҳавасмандкунии фаъолияти кооперативии соҳибкории хурду миёна дарёфт кард. Яъне аз ҷониби давлат муттаҳид шудани муассисаҳои хурд дар кооперативҳо дастгирӣ карда мешавад (яъне дар ин ҳолат метавон замин гирифт, кредити имтиёзнок барои рушди технологияи нав, барои нақлиёт, истгоҳ барои автомашинаҳо ва ғайра дарёфт кард).
Дар Сингапур ҳангоми дарёфти кредит то 4 сол 5% солона муқаррар гардидааст, ҳангоми дарёфи кредити дарозмуҳлат – 6,5%. Ҳамчунин, кредити махсуси имтиёзнок барои ширкатҳои хурд, ки кормандонашон аз 10 нафар бештар нест, пешбинӣ шудааст.
Низоми кредитӣ-бонкии Сингапур дар ҳудуди 700 ташкилоти гуногуни молиявӣ, аз он ҷумла, 122 бонки тиҷоратӣ (116- тои онҳо хориҷианд), 7 ширкати молиявӣ ва 146 ширкати суғуртавиро муттаҳид месозад.Дар Ҷумҳурии Қирғизистон, ки аз бисёр ҷиҳатҳо бо Тоҷикистон наздики дорад меъёри миёнаи фоизи қарзҳои пешниҳодшуда аз ҷониби муассисаҳои бонкӣ бо асори милли аз 17 то 18%-ро ташкил медиҳад.
Тавре ки болотар гуфта гузаштем, то инҷониб аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини рушди устувори бахши хусусӣ ва дастгирии воқеии фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тавассути муҳайё гардонидани захираҳои молиявии имтиёзнок як зумра ислоҳотҳои муҳим ва ҷиддӣ амали гардиданд. Яке аз иқдомҳои муҳиме, ки дар ин давра амали гардид ин таъсиси Муассисаидавлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Бояд таъкид намуд, ки дар раванди тағйирёбии вазъияти молиявӣ дар бозори ҷаҳонӣ ва торафт шиддат гирифтани муносибатҳои рақобатӣ миёни кишварҳои ҷаҳон дар робита ба ҷалби сармоягузорҳо, таъсиси Муассиса яке аз барномаҳоии асосии зиддибуҳронии Хукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хисоб меравад, зеро имтиёзнок будани карзҳо имконият медиҳад, ки бо соҳибкорон бештар чораҳои профилактикӣ ва методии омӯзишӣ бурда, баҳри рушди иқтисодиёти миллӣ ва фаъолияти босамари соҳибкорон мақомотҳо камтар санҷишҳои мутақобилавӣ гузаронанд.
Солҳои охир бо дарназардошти беҳтар гардидани имкониятҳои молиявии давлат, ҳаҷми маблағҳои ҷудогардида ба ин Фонд низ тамоюл ба афзоиш дошта, то имрўз ба он аз ҳисоби буҷети давлатӣ 133 миллион сомонӣ гузаронида шудааст. Тамоюли афзоишёбии ҳаҷми маблағгузориҳо дар диаграммаи мазкур чунин инъикос ёфтааст:
Диаграммаи 1
Манбаъ:Маълумоти омории Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Тавре ки аз диаграмма мушоҳида мегардад, давоми солҳои 2013-2015 сарфи назар аз таъсири манфии омилҳои берунӣ ба соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии мамлакат аз он ҷумла, коҳишёбии қурби асъори миллии шарикони асосии Тоҷикистон ва тағйирёбии нархи молу маҳсулоти асосии содиротиву воридотӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ, ҳаҷми маблағгузориҳо тақрибан 57,2% зиёд гашта, афзоишёбии солонаи он ба ҳисоби миёна 19 фоизро ташкил медиҳад. Пешбинӣ шудааст, ки ба сармояи фонд дар 5 соли оянда то як миллиард сомонӣ равона карда шавад.
Фонд аз оғози фаъолияти худ то имрўз дар асоси қарори Шўрои нозирон ба 117 субъекти фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бо фоизи паст дар ҳаҷми беш аз 91 миллион сомонӣ қарзҳои имтиёзноки миёнамуҳлат ҷудо намудааст, ки 45 шаҳру ноҳияи кишварро фаро мегирад.
Ҷадвали 6
Ҳаҷми маблағҳои ҷудокардаи МД «ФДСҲҶТ» аз рўи самти фаъолияти субъектҳои сохибкорӣ дар солҳои 2013-2015
Самти фаъолият | Шумораи субъектҳои соҳибкорӣ | Ҳаҷми маблағи дастгиришуда,
(хаз.сомонӣ) |
Маблағи ҷудогардида | Нисбатба ҳаҷмиумумиимаблағи
ҷудогардида (бо %) |
|
1 | Истехсоли маҳсулоти сохтмонӣ | 34 | 46480,0 | 41865,0 | 45,7 |
2 | Коркард ва нигоҳдории меваю сабзавот | 23 | 15625,0 | 14150,0 | 15,,5 |
3 | Истеҳсоли равғани растани, кунҷола | 6 | 4585,0 | 3940,0 | 4,3 |
4 | Коркарди шир | 10 | 7980,0 | 7230,0 | 8,0 |
5 | Парвариши замбури асал ва коркарди асал | 3 | 785,0 | 725,0 | 0,8 |
6 | Истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ | 7 | 4730 | 4730,0 | 5,1 |
7 | Истеҳсоли доруворӣ | 2 | 1780,0 | 1780,0 | 2,0 |
8 | Истеҳсоли орд,макарон | 5 | 2110,0 | 2110,0 | 2,2 |
9 | Истеҳсоли намак | 2 | 900,0 | 804,0 | 0,7 |
10 | Бофандагию дузандаги | 9 | 8242,0 | 8242,0 | 9,0 |
11 | Истеҳсолӣ обҳои маъдани | 1 | 600,0 | 600,0 | 0,8 |
12 | Истеҳсолӣ ҳасиб | 1 | 445,0 | 445,0 | 0,5 |
13 | Дигар соҳаҳо | 14 | 5821,0 | 4969,0 | 5,4 |
Ҷамъ: | 117 | 100083,0 | 91590,0 | 100 |
Гарчанде ҳиссаи қаргузориҳои Фонд дар ҳаҷми умумии қарзҳои аз ҷониби бонкҳо ба ташкили фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тақрибан 2,0% ташкил диҳад ҳам, вале дар таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ки омили асосии коҳиш додани сатҳи камбизоати арзёбӣ мегардад нақши муассир гузошта, то кунун аз ҷониби субъектҳои соҳибкорие, ки тавассути ин Фонд қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд, тибқи нақшаҳои тиҷоратӣ таъсиси зиёда аз 1000 ҷойҳои нави корӣ пешбинӣ шудааст. Аммо бо вуҷуди дастовардҳои назаррас дар робита ба беҳтар гардидани фазои сармоягузорӣ ва вазъи молиявии соҳибкорон, боз баъзе проблемаҳои дигаре низ ҷой доранд, ки дар рушди устувори фаъолияти соҳибкорӣ таъсири манфИ мерасонанд. Аз он ҷумла чунин мушкилотҳоро метавон ном бурд:
- Номувофиқ будани меъёри фоизи қарзҳои аз ҷониби бонк ва дигар ташкилотҳои хурди қарзӣ пешниҳодшуда. Гарчанде дар самти пешниҳоди қарзгузориҳо ба рушди бахши хусусӣ ва фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ тамоюлҳои мусбӣ ба назар расад ҳам, вале бо вуҷуди ин ҳама, фоизи қарзҳои пешниҳодшаванда ва муҳлати онҳо то ҳанўз хеле баланд буда, шароити пешниҳоди қарз мураккаб боқӣ мемонад. Алҳол меъёри муқараргардидаи пардохти фоизи қарз ба соҳибкор имконият намедиҳад, ки чунин меъёрро пардохт намояд ва боз даромад ба даст орад;
- Сатҳи пасти дастрасӣ ба иттилоот. Чунонеки аз мушоҳидаҳо бармеояд, айни замон аксарияти соҳибкорон дар иртибот ба қонуну қарор ва барномаҳои дар ҷодаи фаъолияти соҳибкорӣ қабулшуда, инчунин мавҷудияти Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти кофӣ надоранд;
- Мушкилӣ дар таҳияи бизнес-нақшаҳо. Тавре ки мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, алҳол аксарияти соҳибкорони дар бахшҳои саноату кишоварзӣ фаъолияткунанда на танҳо дар таҳияи бизнес-нақшаҳо мушкилӣ мекашанд, балки ба мафҳуми он сарфаҳм намераванд, ки чи гуна бояд таҳия ва пешниҳод карда шавад;
- Гарчанде тартиби бақайдгирӣ содда ва дар муҳлати кӯтоҳ ба амал ояд, аммо тартиби қатъ намудани фаъолияти соҳибкорӣ мушкилоти зиёдеро эъҷод менамояд;
- Гирифтани хулосаи мақомоти дахлдор дар робита ба имтиёзҳои андоз барои корхонахои хурди истеҳсолӣ ҳанӯз ҳам душворӣ меорад;
- Муддати дароз баррасӣ намудани дархост;
- Дубора такрор гаштани маълумот дар баъзе аз эъломияҳои андоз, онро мураккаб сохта, сарфаи зиёди коғазу вақтро талаб менамояд;
- Мушкилӣ дар пайдо намудани бозори фўруш. Соҳибкорон баъзе аз сабабҳои асосии ин ҳолатро дар шумораи зиёди миёнаравҳо ва сатҳи баланди воридоти молу маҳсулот аз хориҷӣ кишвар мансуб медонанд.
Дар иртибот ба проблемаҳои зикргардида, таъмини дурнамои рушди соҳибкории истеҳсолӣ ва такмили минбаъдаи фаъолияти Фонд, амалигардонидани тадбирҳои зеринро мувофиқи мақсад мешуморем:
- Азбаски Муассисаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорӣ дар қаламрави Тоҷикистон ягона ниҳоди дастгирии молиявии рушди фаъолияти соҳибкории истеҳсоли таввасути пешниҳоди маблағҳои имтиёзноки молиявӣ бо фоизҳои нисбатан паст ба ҳисоб меравад, аз ин рў, инкишоф додани имкониятҳои функсионалии Фонди мазкур дар доираи арзёбиҳои қарзӣ ва усулҳои нави идоракунии он инчунин ҷорӣ намудани воситаҳои нави амонатӣ (гарав) махсусан барои соҳибкорони минтақаҳои дурдасти кишвар мувофиқи мақсад шуморида мешавад;
- Таҳия ва қабули барномаи махсуси пешбурди фаъолияти кори Фонд барои таъмини дурнамои рушди минбаъда ба мақсад мувофиқ мебошад;
- Андешидани тадбирҳо ҷиҳати дарёфти механизм ва роҳу усулҳо оид ба ҷалби сармоягузории хусусӣ ва сарчашмаҳои дигари алтернативии маблағгузориҳои дохиливу хориҷӣ ва ба ин васила баланд бардоштани имкониятҳои молиявии Фонд. Дар ин раванд давлат бояд кафолати ҷуброни пардохти сармояро ба сармоягузорон дар ҳолатҳои пайдо гардидани таҳдиду хатарҳои эҳтимолӣ таъмин намояд;
- Бо мақсади баланд бардоштани савияи дониши соҳибкорон дар робита ба таҳияи бизнес-нақшаҳо дар доираи талаботи Фонди дастгирии соҳибкорӣ, муаррифии имкониятҳои молиявии Фонд, меъёри пешниҳоди маблағҳо барои дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт таввасути гузаронидани семинар-тренингҳо, баромад дар телевизион ва радио бояд ҳарчи зутар рўҳандози гардад;
- Барои ҷалби ҳарчи бештари ширкатҳои бонуфузи ҷаҳонии рейтингӣ чораҳои амалӣ андешида, барои гирифтани рейтинги мустақили кишвар ва дар ин замина паст намудани фоизи қарзҳои ҷалбшаванда бояд чораҳои мушаххас андешида шаванд;
- Ба муасиссаи давлатии Фонди дастгирии соҳибкорҳибкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавсия дода мешавад, ки: 1.Ҳаҷми гарав ва шумораи ҳуҷҷатҳои лозимаи қарзӣ кам карда шаванд. 2. Ба сифати гарав таҷҳизоту иншооти буньёдшаванда қабул карда шавад. 3. Барои пардохти фоизи қарзӣ, муҳлат ва имтиёз дода шавад;
- Дар қонунгузории амалкунандаи андоз махсусан моддаи 313 яъне тартиби бақайдгирии корхонаҳои нави истеҳсолӣ, барои бархўрдор шудани имтиёзҳои андозӣ бояд содда карда шавад;
- Барои корхонаҳои хурд ё ҷамъиятҳои саҳҳомие, ки ба коркарди пӯст, пашм ва абрешими хом машғуланд, хулосаи вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қарори Ҳукумати ҶТ бекор карда шавад ва минбаъд боқӣ мондани имтиёзи андози ба муҳлати 5-сол мувофиқи мақсад шуморида мешавад;
- Инкишоф додани майдони иттилоотӣ-омории Тоҷикистон махсусан бо забонҳои русӣ ва англисӣ тавассути шабакаҳои интернетӣ, то ин ки сармоягузорон тавонанд мустақиман маълумоти лозимиро дар бораи Тоҷикистон ва имкониятҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои мухталифи иқтисодиёт пайдо намоянд. Гарчанде имрўз дар Тоҷикистон беш аз 5 ҳазор сомонаи интернети ба қайд гирифта шуда бошад ҳам, вале дарёфти малумот дар бораи Тоҷикистон махсусан бо забонҳои дар боло зикр гардида душвор аст, зеро аксарияти ин сайтҳо фаъол нестанд;
- Аксар вақт сармоягузорони хориҷӣ сатҳи даромад ва шароити кори сармоягузорони маҳаллиро дида баъдан хулосаи худро барои сармоягузорӣ мебароранд. Аз ин рў, барои ворид намудани ҳатҳои нави технологӣ ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти ватанӣ бояд ҳамаи монеаҳо аз миён бардошта шаванд;
- Бо мақсади содда ва оммафаҳм намудани эъломияҳои андоз, ба мақомоти дахлдори ҷумҳуриявӣ барои баррасӣ, қабул ва мавриди амал қарор додан, намунаи эъломияи ягонаи андоз аз даромад ва иҷтимоӣ пешниҳод карда шавад;
- Ба такмил низоми ҳавасмандкунонӣ дар фаъолияти соҳибкории истеҳсолӣ бояд тавваҷуҳи ҷиддӣ зоҳир карда шавад. Ин кор бояд ҳамчун самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, тадбирҳои ҳавасмандсозии давлатӣ муайян ва бо назардошти мониторинги ин раванд ҳамасола татбиқ карда шаванд;
- Ба масъалаҳои рушди бозори хизматрасноиҳои лизингӣ бояд аҳамияти ҷидди зоҳир гардад. Ин имкон медиҳад, ки вазъи молиявии соҳибкорон то андозае беҳтар гардад. Дар ҷумҳурӣ аз ҷониби якчанд бонкҳо ширкатҳои лизингӣ таъсис дода шудааст, вале дар маҷмуъ ин шумораи кофи нест ва барои рақобати озод дар соҳаи хизматрасониҳои лизингӣ мусоидат намекунад. Аз ин рӯ, таъсиси ширкатҳои лизингӣ аз ҷониби бонкҳои дигар низ мувофиқи матлаб ва имконпазир буда, метавонад ба рушди соҳа ва бахши воқеии иқтисоди кишвар мусоидат намояд;
- Як умумият дар кишварҳои пешрафта ин аст, ки дастгирии давлатии бизнеси хурд ба воситаи мақоми махсуси ҳукуматӣ, ки имкониятҳои кофии молиявӣ ва салоҳият дар ихттиёр дорад, сурат мегирад. Дар ИМА – ин «Маъмурияти бизнеси хурд вобаста ба Президенти ИМА» (SBA), дар Британияи Кабир – «Агентии миллӣ оид ба хизматрасонии бизнеси хурд» (SBS), таъсисёфта дар соли 2000 дар таркиби «Вазорати тиҷорат ва саноат», дар Хитой – «Раёсати рушди бизнеси хурду миёна», дар Япония «Вазорати иқтисод, тиҷорат ва саноат» — и навсозӣ шуда, ки дар таркиби он ниҳоди нави «Агентии соҳибкории хурду миёна» (SMEA) таъсис ёфтааст, мебошанд.
А.И. Одинаев,
муовини сардори Раёсати Маркази тадқиқоти
стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон