Неруҳои амниятии Тунис гурӯҳи хурди ДИ-ро ошкор карданд

Март 14, 2016 09:38

Душанбе, 14.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Неруҳои амниятии Тунис гурӯҳи хурди террористонро дар шаҳри Буссалеми музофоти Ҷендуба ошкор карданд. Дар ин бора радиои «Шемс ФМ»-и Тунис бо такя ба манбаъ дар мақомоти амниятӣ хабар медиҳад.
Бино ба маълумоти манбаъ, «ба неруҳои амниятӣ муяссар шудааст, ки тамоми аъзои ин гурӯҳи ҷиноии 8 нафараро, ки ба созмони террористии «Давлати исломӣ» марбутанд, боздошт кунанд». Ҳангоми кофтуков аз боздоштшудагон воситаҳои электронии паҳнкунандаи иттилоот, ки дар онҳо маълумот дар бораи нақшаю вазифаҳои ин гурӯҳи хурд маҳфуз буд, дарёфт ва мусодира гардид.
7 март гурӯҳи ҷангиёни ДИ сарҳади миёни Тунис ва Либияро убур карда, ба дидбонгоҳи сарҳадӣ ва бошишгоҳи Гвардияи миллӣ дар шаҳри Бен-Гурдан ҳамла карданд. Дар натиҷаи ҳамла 7 сокини осоишта ва 13 ходими ҳарбӣ ҳалок шуда, 19 тани дигар ҷароҳат бардоштанд. Аз рӯи маълумоти расмӣ, ба неруҳои ҳифзи ҳуқуқ муяссар шуда, ки 49 ҷангиро маҳв кунанд.

Март 14, 2016 09:38

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.1190 то 0.1223 сомонӣ муқаррар шудааст
Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад