Нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё
Душанбе, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- 10 марти 2016 дар пойтахти Шоҳигарии Тайланд- шаҳри Бангкок нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Муколамаи ҳамкории Осиё (ACD) баргузор гардид. Дар нишасти мазкур ҳайати Тоҷикистонро вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуда, дар мавриди роҳҳои таҳкими ҳамкорӣ ва рушди инфрасохтори минтақавӣ дар чаҳорчӯби ин ҳамоиши байналмилалӣ сухан кард. Зимни суханронии худ вазири корҳои хориҷӣ инчунин таваҷҷуҳи иштирокдорони ҷаласаро ба тақвияти ҳамкорӣ дар соҳаи таъмини дастрасӣ ба энергия ва об ва вусъат бахшидани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои фарҳангу маориф ҷалб намуд.
Дар ҳошияи ҷаласаи мазкур вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов барои баррасии масъалаҳои муносибатҳои дуҷониба ва роҳҳои таҳкими он бо вазири корҳои хориҷии Тайланд мулоқот анҷом дод. Ҷонибҳо омодагии хешро барои тавсеаи ҳамкории судманд дар соҳаҳои гуногун иброз намуда, инчунин дар мавриди масоили ҳамкории ду кишвар дар ҳошияи Созмони Милали Муттаҳид ва Муколамаи ҳамкории Осиё мубодилаи афкор намуданд.
Рӯзи 10 марти 2016 дар Бангкок мулоқоти вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо муовини вазири корҳои хориҷии Кувайт Алӣ Сулаймонӣ сурат гирифт. Дар мулоқот ҷанбаҳои муҳимми робитаҳои ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла масъалаҳои тадорукотии баргузории ҷаласаи навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва илмию техникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Инчунин дар ҳошияи ҷаласаи вазирони корҳои хориҷии Муколамаи ҳамкории Осиё вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини вазири корҳои хориҷии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад Ҷарман мулоқот доир намуд. Ҷонибҳо дар атрофи ҷараёнҳо ва роҳҳои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаи иқтисодию тиҷоратӣ ва инчунин оид ба масъалаҳои вобаста ба кумакҳои башардӯстона гуфтугӯи судманд анҷом доданд.








ГУЛБАСТ — МАТОЕ БО САНЪАТИ НОДИР. Он воқеан ҳам либоси зебо ва миллӣ аст
«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад






