Оғози кишти пунбадона дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо иштироки Пешвои миллат

Март 26, 2016 10:13

Душанбе, 26.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар рӯзи чоруми сафари корӣ ба вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаеви ҷамоати деҳоти Исфисори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба кишти пунбадона оғоз бахшид.

Тавре маълум гардид, хоҷагӣ дар ихтиёри худ 15 гектар замини обӣ дорад ва аҳли меҳнат дар он парвариши зироат ва сабзавоти гуногун, аз ҷумла пахта, сабзӣ, помидор, бодиринг, қаланфур ва карамро ба роҳ мондаанд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба таҷрибаи деҳқонон, ки дар вақти кишт пунбадонаи лучшударо истифода мебаранд, баҳои арзанда дод. Дар ҳамин ҷо Президенти мамлакат ба масъулини соҳаи кишоварзӣ дастур дод, ки дар дигар хоҷагиҳои пахтакори кишвар аз ҳамин усул пурра истифода баранд. Тавре иттилоъ доданд, қаблан дар як гектар беш аз 100 килограмм пунбадона кишт карда мешуд, акнун баъди луч кардани тухмӣ имкон аст 30 килограмм тухмӣ истифода шавад. Ин пеш аз ҳама сарфаи маблағ ва як роҳи даромади иқтисодии хоҷагиҳо мегардад.

Дар маҷмӯъ дар ҷамъияти саҳомии кушодаи ба номи Абдураҳим Ҷумъаев дар масоҳати беш аз 13 ҳазор гектар, инчунин ба боғутокпарварӣ, сабзавоткорӣ, зотпарварӣ ва тухмипарварӣ машғуланд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба коргарони хоҷагӣ барои рушди соҳаи боғу токпарварӣ, истифодаи мақсадноки замину ҳавои мусоид, обёрии саривақтӣ, парвариши зироат дар гармхонаҳо, таъмини бозорҳои ноҳияву вилоят бо сабзавоти барвақтӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

Март 26, 2016 10:13

Хабарҳои дигари ин бахш

Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Меҳргон
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Саммити Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши Роҳбарон оид ба гуногунии биологӣ иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Еревани Ҷумҳурии Арманистон шуданд
Анҷоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши ҳафтуми Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё (МҲТБО) иштирок намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон Илҳом Алиев мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ вориди шаҳри Бокуи Ҷумҳурии Озарбойҷон шуданд
Сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Озарбойҷон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сармоягузорону соҳибкорони кишвар мулоқот намуданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо соҳибкорону сармоягузорони мамлакат
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Шаҳринав 6 иншооти таъйиноти гуногунро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд