Омодагӣ ба ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Тавилдара
Тавилдара, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни Наврӯзи Аҷам сокинони ноҳияи Тавилдара бо истифода аз ҳавои мусоид ба тариқи ҳашар кӯчаю роҳравҳоро тоза намуда, дар атрофи роҳҳо дарахтони сояафкану мевадиҳанда шинониданд. Барои боз ҳам зебо гардонидан маркази ноҳияро бо шиору овезаҳои наврӯзӣ оро дода истодаанд.
Инчунин дар байни ҷавонон озмунҳои гуногун ташкил шудаанд, ки ғолибонро дар арафаи ҷашни Наврӯз туҳфаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Тавилдара интизоранд.