Омодагӣ ба Наврӯз дар шаҳри Кӯлоб
Кӯлоб, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Кормандони шуъбаи фарҳанг ва ҳунармандони шаҳру ноҳияи Кӯлоб барои дар сатҳи баланд гузаронидани ҷашни байналмиллалии Наврӯз омодагӣ мебинанд. Дар Наврӯзи имсола роҳбарияти шуъбаи фарҳанг ба барномаи наврӯзӣ бештар ҷавононро ҷалб намудааст. Ба гуфти Сарахон Абдуқаҳҳоров, мудири шуъбаи фарҳанги шаҳр дар назди шуъба 2 ансамбли нав, яке ансамбли эстрада ва дигаре ансамбли рақсии «Садбарг» ташкил шудааст, ки зимни барномаи наврӯзии имсола хотири иштирокдоронро бо рақсу суруд болида мегардонанд.
Гуфта мешавад, ки ансамбли «Садбарг» новобаста ба навташкил буданаш намудҳои гуногуни либосҳоро омода кардааст, ки бештари он либосҳои миллӣ мебошанд.