Озмуни «Бонуи сол» дар Донишгоҳи политехникии Хуҷанд
Хуҷанд, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд озмуни «Бонуи сол» миёни донишҷӯдухтарон доир гардид.
Озмуни мазкур аз 6 шарт- бурдани тӯб, маҳорати ҳунарӣ, саволу ҷавоб, маҳорати забондонӣ ва рақсу шеърхонӣ иборат буд.
Баъд аз иҷрои шартҳо дар охир бо ба даст овардани 25,8 холл донишҷӯи факултети информатика ва энергетика Шаҳноза Юсупова ғолиби «Бонуи сол» гардида, Мавзуна Нормаҳмадова, донишҷӯи факултети муҳандисӣ-иқтисодӣ сазовори ҷои дуюм гардид.
Директори донишкада Дилафрӯз Сангинова ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуда, ба маҳорат ва ҳунармандии духтарон баҳои баланд дод.