Озмуни «Оилаи солим-асоси ҷомеаи солим» дар Тоҷикобод
Тоҷикобод, 09.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бахши кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти маҳаллии ноҳияи Тоҷикобод бахшида ба Рўзи Модар дар толори фарҳанги ноҳия озмуни «Оилаи солим- асоси ҷомеаи солим»-ро баргузор намуд.
Мақсади озмун баланд бардоштани савияи дониши оиладории ҷавондухтарон, эҳтиром гузоштан нисбат ба падару модар ва калонсолон, тарбия намудани ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, омода намудани духтарон ба ҳаёти мустақилона ва аз байн бурдани тарзи либоспӯшии бегона байни духтарон буд.
Дар чорабинии мазкур кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва сарварони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуда, ғолибони озмун бо туҳфаҳо ва ифтихорномаҳои раиси ноҳия сарфароз гардонида шуданд.