Парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба қочоқчиёни бензин
Душанбе,11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Кормандони Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сокини ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғдро барои интиқоли ғайриқонунии сӯзишвории бензин боздошт намуданд.
Кормандони шуъбаи мубориза бар зидди ҳуқуқвайронкуниҳои гумрукии Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд муайян кардаанд, ки шаҳрванд Нурулло Нурматов 64 ҳазору 800 литр сӯзишвории бензинро бе барасмиятдарории гумрукӣ ба таври қочоқ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол додааст.
Аммо ӯ бо ин амали худ қаноат накарда, дар якҷоягӣ бо ронандагон Мубинҷон Абдусаломов, Ҷумабой Абдусаломов ва Муқимҷон Ҳасанов дар се воситаи нақлиёти боркашоне, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудаанд, бо вазни умумии 64 ҳазору 800 литр сӯзишвории бензинро бо супоридани борхалтаҳои қаблан истифодашуда ва декларатсияҳои боҷи гумрукӣ барои маводи сӯзишвории навъи бензин ва маҳсулоти гази моеъ аз вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе пинҳонӣ аз кормандони гумрук бо роҳи қочок ворид кардааст.
Воситаҳои нақлиётие, ки бо сӯзишвории бензин ғайриқонунӣ интиқол гардидаанд, аз ҷониби кормандони гумрук дар ҳудуди шаҳри Душанбе боздошт гардиданд.
Арзиши умумии сӯзишвории дарёфтгардида 265 ҳазору 827 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ин ҳодиса нисбат ба шахсони қонуншикан бо дастрасии моддаи 289 қисми 1-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






