Роҳбарони ТАСС, «Арменпресс», БелТА, «Казинформ» ва «Кабар» ба Душанбе меоянд

Март 14, 2016 12:18

Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»).  Раиси Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ, директори генералии ТАСС Сергей Михайлов, муовини аввали директори генералии ТАСС Михаил Гусман,  директори «Агентии иттилоотии «Арменпресс»  Арам Ананян, директори генералии Агентии телеграфии Белорус (БелТА) Дмитрий Жук, директори генералии Агентии байналмилалии иттилоотии «Казинформ» Даурен Дияров, директори генералии Агентии миллии иттилоотии Қирғизистон «Кабар» Кубаничбек Таабалдиев ва сардори шуъбаи кор бо шабакаҳои иҷтимоӣ ва сарчашмаҳои иттилоотии Агентии давлатии телеграфии Озарбойҷон (АЗЕРТАҶ) Элшан Шахбалаев барои иштирок дар  Ҷаласаи XXI Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки 15 марти соли 2016 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон ба кори худ оғоз мебахшад, ба Душанбе ташриф меоранд.

Маврид ба зикр аст, ки иштирокдорони ҷаласа фаъолияти агентиҳои иттилоотиро дар соли 2015 натиҷагирӣ карда, нақшаи корӣ барои соли равонро муҳокима мекунанд. Дар ҷараёни мулоқот, ҳамчунин баррасии масъалаҳои ҳамкории хадамоти аккосӣ ва омодагӣ ба ҷашни 25-солагии Иттиҳод, ки моҳи декабр таҷлил мегардад, дар назар аст. Роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ оид ба татбиқи лоиҳаҳои муштарак низ табодули афкор хоҳанд кард.

Пазироии иштирокдорони ҷаласа аз ҷониби роҳбарияти Тоҷикистон, боздиди онҳо аз ҷойҳои тамошобоби Душанбе ва атрофи он, инчунин вохӯрӣ бо намояндагони ҷомеа ва донишҷӯён дар назар аст.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои роҳбарони агентиҳои иттилоотии давлатӣ 3 ноябри соли 1995 бо Созишномаи ҳукуматҳои давлатҳои аъзои ИДМ бо мақсади мусоидат ба рушди ҳамкории иттилоотӣ созмон дода шудааст. Яке аз вазифаҳои асосии агентиҳои иттилоотии давлатии аъзои Шӯрои агентиҳои иттилоотии давлатии ИДМ маълумот додан ба аҳолӣ оид ба равандҳои ҳамгироӣ дар Иттиҳод мебошад. Шӯрои агентиҳои итилоотии давлатии ИДМ ба масъалаи ҳамкорӣ барои аз худ намудани технологияҳои муосири ВАО ва истифодаи васеи он таваҷҷуҳи зиёд зоҳир менамояд.

Март 14, 2016 12:18

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон дар Русия бо ҷавонон ва донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Санкт-Петербург мулоқот намуд
Дар Женева дурнамо ва рушди ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Созмони умумиҷаҳонии моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори Санкт – Петербург мулоқот намуд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Сомонаи расмии Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018–2028» фаъол гардид
Барои иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бақайдгирӣ оғоз ёфт
Дар Қоҳира ҳамкорӣ байни ширкатҳои Тоҷикистону Миср баррасӣ гардид
Дар Душанбе Ҷаласаи навбатии Шурои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон)-и давлатҳои узви СҲШ доир мегардад
Сафири Тоҷикистон бо муовини якуми Раиси Бонки марказии Арабистони Саудӣ мулоқот намуд
Дар Душанбе бо иштироки намояндагони 27 давлат маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор шуд
Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Корея бо мудири иҷроияи AFoCO мулоқот намуд
Дар Боку тавсеаи ҳамкории Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар соҳаи воситаҳои ахбори омма баррасӣ гардид
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Русия Рӯзи Модар таҷлил гардид