Рушди туризми дохилӣ рушди имкониятҳои иқтисодист
Душанбе, 14.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Бо баргузории ҷаласа дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» ба кори худ шуруъ намуд. Аъзои гурӯҳи корӣ, ки дар он (ташаббускорони лоиҳа) вакилони МН МО ҶТ, намояндагони вазорату кумитаҳо, Академияи илмҳо, донишгоҳу донишкадаҳои олӣ, Ассотсиатсияи ташкилоти ёрирасон ба инкишофи туризми Тоҷикистон ва АМИТ «Ховар» гирд омада буданд, масъалаҳои дахлдор оид ба рушди туризми дохилиро, ки дар лоҳияи мазкур барои баррасӣ пешниҳод шудаанд, мавриди баррасӣ қарор доданд. Тавре ки иштирокдорон зикр карданд, рушди туризми дохилӣ бо бартариятҳои зиёд барои Тоҷикистон дар самти рушди ин соҳа ва ба ин васила иқтисодиёти миллӣ бисёр муҳим, муносиб ва саривақтӣ маҳсуб мешавад. Тоҷикистон ҳамчун кишвари рӯ ба инкишоф ба манбаъҳои гуногуни мусоидаткунанда, ташаккул ва рушди имкониятҳои иқтисодӣ ниёз дорад ва дар шароити ҷомеаи муосир яке аз чунин манбаъҳои муътамад ва устувор ин туризм мебошад. Дар ин роҳ, яъне рушди туризм мебояд шароити мусоид фароҳам овард. Аз ҷумла, рушди инфрасохтори туристӣ, маданият ва маърифати туристии шаҳрвандон аз талаботи асосии ин самти иқтисодӣ ба ҳисоб меравад, ки ҷомеаи Тоҷикистон аз онҳо танқисӣ дорад.
Доир ба масъалаҳои баррасигардида, ки паҳлуҳои гуногуни ба рушди туризми дохилӣ таъсиргузорро фарогиранд ва дар лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рушди туризми дохилӣ» дарҷ гардидаанд, пешниҳод шуд, ки аъзои ҳайати корӣ баъди омӯзишу таҳлили дақиқ, роҳҳои муассир ва мутобиқ ба талаботи замони кунуниро ба таври хаттӣ ироа намоянд. Ҳамчунин таъкид гардид, ки барои боз ҳам беҳтар ошноӣ пайдо кардан бо мавзеъҳои сайёҳӣ ва таърихию фарҳангии кишвар, аъзои ҳайти корӣ сафарҳо анҷом дода, барои такмили лоиҳаи мазкур саҳмгузорӣ намоянд.
Ҳамзамон иштироки хоҳишмандон аз доираҳои гуногуни ҷомеа, бахусус олимону мутахассисони соҳа ва намояндагони ВАО дар таҳияи лоиҳаи қонуни мазкур пазируфта мешавад. Воситаи тамос: miraliyon@parlament.tj








Донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав соҳиби хобгоҳи нав мешаванд
«ТОҶИКОНА МЕПӮШЕМ!». Донишҷӯён ва кормандони Академияи идоракунии давлатӣ фарҳанги либоспӯшии миллиро тарғиб менамоянд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ шаҳрвандон барномаҳои компютерӣ меомӯзанд
КИРМАКПАРВАРӢ. Сокини ноҳияи Ҷайҳун ҳамасола аз 100 то 110 килограмм пилла месупорад
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Судяҳои Тоҷикистон дар Остона дар конфронси байналмилалӣ иштирок намуданд
«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст






