Семинари омӯзишӣ доир ба интихобот дар Балҷувон
Балҷувон, 10.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Бо мақсади дар сатҳи баланд доир намудани раъйпурсии умумихалқӣ оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маркази ноҳияи Балҷувон бо масъулини комиссияҳои ҳавзавии райъпурсӣ, аъзои эҳтимолии комиссияҳои участкавии раъйпурсӣ ва масъулини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои Балҷувон, Темурмалик ва Ховалинг семинари омӯзишӣ доир намуд.
Дар семинар зикр шуд, ки дар сатҳи баланд гузаронидани раъйпурсӣ аз фаъолияти хуби аъзои участкаҳо ва ҳавзаҳои райъпурсӣ вобаста аст.
Ҳамчунин гуфта шуд, ки ба участкаҳои раъйдиҳӣ ва ҳавзаҳо дар рӯзҳои наздик панҷ дастурамал ва як китобчаи саволу ҷавоб дастрас мешавад ва гузаронидани чунин семинарҳои омӯзишӣ дар дигар ноҳияҳо низ ба нақша гирифта шудааст.