Шиносоии Пешвои миллат бо корҳои бунёди 100 гектар боғи сиёҳолуи содиротӣ дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафуров
Душанбе, 23.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — Дар ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба бунёди сад гектар боғи сиёҳолу оғоз бахшид.
Сарвари давлат бо кушодани қубури обгузар заминҳои ташналабро шодоб гардонида, якҷоя бо хоҷагидорону боғпарварон ниҳол шинонд.
Тавре ба Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, дар замини аз ҳисоби беобӣ бекорхобидаи ҷамоат, ки тӯли солҳо ҳамчун чарогоҳ истифода мешуд, соҳибкорон дар масоҳати 120 гектар боғ бунёд кардаанд. Дар ин ҷо 100 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин шудааст. Мақсад аст, ки боз дар майдони 600 гектар боғи сиёҳолу шинонида шавад ва ин имкон медиҳад, ки боз ҷойҳои иловагии корӣ ташкил гардад.
Дар 100 гектар 9 намуд ниҳолҳои сиёҳолу, дар масоҳати 20 гектари дигар навъҳои гуногуни шафтолу шинонида шудааст. Соҳибкорон Нодирҷон Қодиров ва Хуршед Шодиев барои обёрии 600 гектар замин аз дурии 13 километр тавассути қубурҳо об овардаанд.
Ба ҳолати то якуми марти соли ҷорӣ хоҷагидорон дар масоҳати 100 гектар боғи Сиёҳолуи «Тобистон», «Испалинӣ», «Султонӣ», «Комета», «Самарқандии барвақтӣ» ва «Японӣ» бунёд кардаанд. Дар масоҳати 20 гектар шафтолуи навъҳои «Лола», «Фарҳод», «Чилагӣ» ва «Элберта» шинонида шудааст.
Дар оянда тибқи нақша дар ҳамин ҷо як корхона бо 200 ҷойи корӣ барои коркарди мева бунёд карда мешавад.
Сиёҳолу дар бозори ҷаҳонӣ серхаридор буда, асосан ба Русия, Қирғизистон ва Аврупо содир карда мешаванд. Барои самаранок истифода бурдани замин ва даромади иловагӣ аҳли заҳмати хоҷагиҳо миёни қаторҳои ниҳолҳо пиёзи тирамоҳӣ кишт кардаанд. Сиёҳолу баъд аз се сол ба ҳосил даромада, дар соли аввал то 12 килограм аз ҳар як ниҳол ҳосил медиҳад.
Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои вусъати бунёди боғҳои нав ва дар амал татбиқ кардани барномаи давлатии рушди соҳаи боғутокпарварӣ барои солҳои 2016-2020 ба сокинони ноҳия дастуру тавсияҳои муфид дод.














Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз як гурӯҳ сафирони навтаъйини давлатҳои хориҷӣ эътимоднома қабул намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои Театри миллӣ шинос шуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба рафти омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон машварати корӣ доир намуданд
Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара ба таври фосилавӣ як қатор иншооти иҷтимоиро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара кони ангишти №8-и Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Ангишт»-ро ба истифода доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Исфара бо лоиҳаи азхудкунии заминҳои бекорхобида, пойгоҳи обкашӣ, сардхона, коргоҳи бастубанди мева ва хоҷагии чорводорӣ ба таври фосилавӣ шинос шуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ба шаҳри Исфара ташриф оварданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чорабинӣ бахшида ба таҷлили Наврӯзи байналмилалӣ дар ноҳияи Мастчоҳи вилояти Суғд






