Қӯшунҳои сарҳадӣ: Пешгирии интиқоли қочоқи маводи мухаддир ва задухӯрд дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон

Март 7, 2016 15:47

Душанбе, 07.03.2016. (АМИТ «Ховар»). — 29 феврали соли равон тақрибан соати 18:40 дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Хоруғ» дар вақти пешбурди хизмати наряди сарҳадӣ,  убури ғайриқонунии сарҳад аз ҷониби як нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон мушоҳида гардид. Дар ин бора маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ хабар медиҳад.

Дар вақти таъқиб намудани вайронкунандаи сарҳади давлатӣ, қочоқчии афғон ба тарафи ҶИА фирор менамояд. Ҳангоми аз назар гузаронии ҷои ҳодиса 25 кг 600 гр маводи нашъаовари ҳашиш дарёфт ва мусодира карда шуд.

Инчунин шаби 2 ба 3 марти соли равон тахминан соатҳои 22:40 дақиқаи шаб дар минтақаи Отряди сарҳадии «Хоруғ» дар якҷоягӣ бо Раёсати КДАМ ҶТ дар ВМКБ минтақаи Рӯшон, амалиёти муштарак гузаронида шуд.

Гурӯҳи мусаллаҳи қочоқчиёни афғон дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ шуданд. Ба амри сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён итоат накарданд, ки дар натиҷа байни онҳо задухӯрди мусаллаҳона ба вуқӯъ омад.

Ба муқовимати сарҳадбонони тоҷик, қочоқчиён тоб оварда натавониста дар натиҷа онҳо ақибнишинӣ намуда ба тарафи Афғонистон фирор карданд.

Ҳангоми азназаргузаронии ҷои ҳодиса як ҷасади қочоқбари афғон тахминан 35-40 сола бо 4 кг маводи мухаддири Ҳашиш, 1 адад тапончаи тамғаи SMP 9 мм бо тирҳояш, 1 адад камераи шиноварӣ, дарёфт ва мусодира карда шуд.

5 марти соли равон тақрибан соати 11:30 дар минтақаи яке аз дидбонгоҳи сарҳадии Отряди сарҳадии «Шурообод» аз тарафи наряди сарҳадӣ, интиқоли маводи мухаддир пешгирӣ карда шуд.

Дар вақти убури ғайриқонунии хати сарҳад як нафар шаҳрванди ҶИА бо сарҳадбонони тоҷик рӯ ба рӯ мешавад, дар вақти кӯшиши дастгир кардан, қочоқчии афғон ба тарафи ҶИА фирор кард. Ҳангоми аз назар гузаронии ҷои ҳодиса зиёда аз 34 кг маводи алафии бангдона ва тақрибан 3 кг маводи  нашъаовари чарс дарёфт ва мусодира карда шуд.

Айни замон аз тарафи мақомотҳои дахлдори КДАМ ҶТ оид ба ҳодисаҳои мазкур  тафтишот ва корҳои фаврӣ идома доранд.

 

 

 

 

Март 7, 2016 15:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Эъломияи Душанбе оид ба инноватсия ва технологияҳои рақамӣ қабул гардид
Ҷаласаи якуми иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
«ТОҶИКИСТОНИ РАҚАМӢ». Душанбе зимни баргузории Форуми байналмилалии TAJ-TECH 2026 ба майдони бузурги муаррифии дастовардҳои IT табдил ёфт
Дар Тоҷикистон сохтмони хонаҳои истиқоматӣ вусъат ёфтааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 28 дараҷа гарм мешавад
Муассисаҳои буҷетии ноҳияи Тоҷикобод бо ангишти кони Камароб пурра таъмин карда шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад
Сафири Тоҷикистон дар Амрико дар Форуми сатҳи баланд иштирок намуд