ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” ба низоми бонкии ҷумҳурӣ ворид шуд

Март 11, 2016 16:53

Душанбе, 11.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Дар низоми бонкии ҷумҳурӣ боз як бонки нав ба фаъолият шурӯъ намуд. Мутобиқи моддаи 42 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Бонки миллии Тоҷикистон” ва моддаҳои 7, 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти бонкӣ” бо қарори навбатии Раёсати Бонки миллии Тоҷикистон ба Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” иҷозатнома барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо пули миллӣ ва асъори хориҷӣ дода мешавад.
ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” аз тариқи табдилдиҳӣ дар заминаи Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди Ташкилоти амонатии қарзии хурди «Стандарт молия» таъсис шуда, муассисони он шаҳрвандони кишвар ба шумор мераванд.
Ба бонк табдил додани ҶДММ ТАҚХ «Стандарт молия» доираи анҷом додани амалиёти бонкиро васеъ намуда, дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳои бонкӣ, пешниҳоди хизматрасониҳои босифату муосири молиявӣ ва беҳтар кардани вазъияти молиявӣ ва рушди иқтисодиёти ҷумҳуриро таъмин менамояд.
Номи ҶСП “Бонки байналмилалии Тоҷикистон” дар Феҳристи ташкилоти қарзӣ ва маълумотномаи “Рамзҳои мушаххаси бонкии ташкилоти қарзии Ҷумҳурии Тоҷикистон” дохил мешавад.

Март 11, 2016 16:53

Хабарҳои дигари ин бахш

ТАЪМИНИ БОЗОРИ ДОХИЛӢ БО МАҲСУЛОТИ ҶАНГАЛ. Дар Суғд дар 540 метри мураббаъ гармхона бунёд гардид
Тоҷикистон ва Узбекистон ҳамкориро дар соҳаи сайёҳӣ тақвият мебахшанд
Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
Кишоварзон соли 2026 дар 40 ҳазор гектар пунбадонаи зери плёнка кишт менамоянд
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Созишномаи ҳамкорӣ дар соҳаи технология ва инноватсия барои солҳои 2026-2028 ба имзо расид
«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Форуми «Digital Qazaqstan» иштирок намуд
Истифодаи оқилонаи технологияи зеҳни сунъӣ барои рушди ҷомеа ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ аҳамияти муҳим дорад
Дар Тоҷикистон ҳаҷми гардиши савдои дохилӣ ба беш аз 77 миллиард сомонӣ баробар шуд
Соли 2025 гардиши мол байни Тоҷикистон ва Узбекистон тақрибан 30 фоиз афзоиш ёфт
Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд