Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар ноҳияи Кӯшониён корҳои безараргардонӣ дар мавзеъҳои хурӯҷи малах идома доранд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон.
27 март Раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид дар ин ноҳия бо раванди корҳои безараргардонӣ шинос шуд. Зимни суҳбат масъулини соҳа ҷиҳати саривақт гузаронидани чорабиниҳо ва дар ин замина муҳофизати майдонҳои кишти зироати кишоварзӣ, чарогоҳҳо ва ҷангалзор аз малахи марокашӣ, инчунин ҳаллу фасл намудани мушкилоту камбудиҳо дар мубориза бар зидди малах таъкид гардиданд.
Тибқи иттилои мутахассисон, малахи марокашӣ аслан дар минтақаҳои барои гузаронидани коркардҳои кимиёӣ дастнорас тухм гузошта, давра ба давра аз доманакӯҳҳо ба водиҳо ва марзҳои кишоварзии вилояти Хатлон мефароянд.
Бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии хуруҷи малахи марокашӣ Ситоди мубориза бар зидди малах дар шаҳру ноҳияҳо вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. То имрӯз аз ҷониби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон ҷиҳати пешгирӣ аз паҳншавии малах заҳрхимикатҳо, сӯзишворӣ ва дигар воситаҳои зарурӣ дастрас гардидааст.
Мутахассисони Филиали Муассисаи давлатии «Экспедитсияи мубориза бар зидди малах» дар вилояти Хатлон вазифадор карда шуданд, ки дар муҳлати кутоҳтарин дар ҳар як шаҳру ноҳия харитаи мавзеъҳоро муайян ва коркарди техникиро дар ин ҷойҳо амалӣ намоянд. Ҳамчунин дар ҳамкорӣ бо сохтори болоии худ ҷиҳати саривақт таъмиру омода кардани техникаю таҷҳизоти корхона ва ба миқдори зарурӣ захира намудани заҳрхимикатҳои сахттаъсир тадбир андешанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Хатлон








Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати аграрӣ» таҳия гардидааст
КОНСЕПСИЯИ ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ. Он санади муҳим дар самти рақамикунонии иқтисодиёти миллии Тоҷикистон аст
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар самти шарқии шаҳри Душанбе зеристгоҳи нави барқии 220 кВ сохта мешавад
Дар Душанбе ҳамоиши картошкапарварон ва намоиш-фурӯши картошка баргузор мегардад
Густариши ҳамкории иқтисодию тиҷоратии Тоҷикистону Олмон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон ҳамоиши картошкапарварон баргузор мешавад
Байни соҳибкорони вилояти Суғд ва Қазоқистон санадҳои нави ҳамкорӣ ба имзо расиданд
Дар Душанбе самтҳои ҳамкорӣ бо ҳайати Палатаи савдои хориҷии Олмон баррасӣ гардид
Дар Остона дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистону Қазоқистон дар соҳаҳои электроэнергетика ва нафту газ баррасӣ гардид
Тоҷикистон дар доираи татбиқи Консепсияи рушди соҳаи ангишт ҳаҷми истихроҷи ангиштро ба 15 миллион тонна мерасонад
Дар Остона Форуми соҳибкории Тоҷикистону Қазоқистон баргузор шуд






