«Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад
ДУШАНБЕ, 28.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Дар Тоҷикистон «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026 – 2030» таҳия мегардад. Ҳадаф аз таҳияи ин барнома тақвият бахшидан ба раванди рақамикунонии соҳа, баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии электронии давлатӣ, содагардонии иҷрои уҳдадориҳои андозӣ, инчунин таъмини рушди фаъолияти соҳибкорӣ ва болоравии фарҳанги андозсупории соҳибкорону шаҳрвандон мебошад. АМИТ «Ховар» ин мавзуъро шарҳ медиҳад.
Барномаи мазкур тибқи дастуру супоришҳо аз Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ аз 16 декабри соли 2025 таҳия мешавад.
«Бо назардошти идомаи ислоҳот ва зарурати тақвияти дастгирии фаъолияти соҳибкорӣ, Ҳукумати мамлакат вазифадор карда мешавад, ки «Барномаи нави рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2026-2030»-ро дар муҳлати кӯтоҳ қабул ва татбиқ намояд. Ҳамзамон вазорату идораҳо доир ба масъалаи баланд бардоштани сатҳи маърифати молиявӣ ва фарҳанги андозсупории шаҳрвандону андозсупорандагон тадбирҳои иловагӣ андешанд»,-супориш доданд Президенти мамлакат.
Таъкид гардид, ки то имрӯз барои такмили маъмурикунонии андоз, тавсеаи ҳамкории фосилавӣ бо шаҳрвандону андозсупорандагон ва густариши иқтисоди рақамӣ дар доираи «Барномаи рушди маъмурикунонии андоз барои солҳои 2020 – 2025» тадбирҳои муҳим амалӣ карда шуданд.
Тавре масъулини Кумитаи андоз иброз доштанд, новобаста аз фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти соҳибкорӣ, беҳтар намудани хизматрасониҳои давлатӣ дар шакли электронӣ ва содаву мусоид намудани иҷрои уҳдадориҳои андозӣ баъзе субъектҳои хоҷагидор ҳоло ҳам ба қонунвайронкуниҳо роҳ медиҳанд.
Иттилоъ дода шуд, ки соли 2025 23,7 ҳазор ҳолати ҳуқуқвайронкуниҳои андозӣ, асосан вобаста ба масъалаҳои бе қайд дар мақомоти андоз машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ, риоя накардани муҳлати пешниҳоди эъломияҳои андозӣ, риоя накардани тартиби истифодаи дастгоҳҳои назоратӣ-хазинавӣ ва рамзгузории электронии молҳо, сари вақт бо мақомоти андоз тартиб надодани санади муқоисавӣ ва дигар қонунвайронкуниҳо ошкор ва шахсони дахлдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд.
Нисбат ба онҳо ба маблағи умумии 115 миллион сомонӣ ҷаримаҳои маъмурӣ татбиқ гардида, аз ин ҳисоб ва аз ҳисоби ҷаримаҳои солҳои қабл татбиқшуда ба буҷети ҷумҳуриявӣ зиёда аз 100 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шуд.
Тибқи иттилои Кумитаи андоз, ба ҳолати 1 январи соли 2026 бақияи қарзи андозҳо дар миқёси ҷумҳурӣ дар маҷмуъ 1 миллиарду 91,7 миллион сомониро ташкил дод, ки нисбат ба аввали соли 2025 ба маблағи 351,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Бояд гуфт, ки сатҳи баланди муносибатҳои андозӣ ба афзоиши даромадҳои андоз мусоидат мекунад ва онҳо дар навбати худ манбаи асосии даромади буҷети давлат мебошанд. Норасоии андоз боиси оқибатҳои гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ мегардад.
Фарҳанги андоз ҳамчун ҷузъи фарҳанги сиёсӣ аз фаҳмиши шаҳрвандон оид ба зарурати пардохти андоз барои давлат ва ҷомеа, инчунин донистани ҳуқуқ ва уҳдадориҳои пардохти он иборат буда, аз бисёр ҷиҳат аз шуури аҳолӣ, муносибати онҳо нисбат ба ҳокимият, ахлоқи ҷомеа ва менталитети ҳар як шахс вобастагӣ дорад. Аз ин рӯ, ҳар як фард бояд фарҳанги андозсупориро риоя намуда, дар ғанигардонии буҷаи давлат саҳм гузорад.
Рухсораи НУР,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








Соли 2026 ҳолати мелиоративии беш аз 18 ҳазор гектар заминҳои кишоварзӣ беҳтар гардонида мешавад
Дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Доир ба рақамикунонии минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар шароити кишварҳои Авруосиё форуми байналмилалӣ баргузор мешавад
То соли 2030 беш аз 16 ҳазор гектар замин ба гардиши кишоварзӣ дароварда мешавад
Ҷалби ширкатҳои чинӣ барои татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон баррасӣ гардид
Муҳаммад Ҳасан Асадӣ бо фаъолият ва имконоти технологӣ ва инфрасохтории «Шаҳри ҳушманд» шинос шуд
Нақшаи қисми даромади буҷети маҳаллии шаҳри Ҳисор дар нимсолаи якуми соли 2026 сад фоиз иҷро шуд
Тоҷикистон ҳамкориро дар самти рақамикунонӣ бо Фонди Авруосиёии субот ва рушд таҳким мебахшад
Дар ноҳияи Ашт неругоҳи офтобӣ ба истифода дода мешавад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Сангвор 854 субъекти соҳибкории инфиродӣ фаъолият менамояд
Дар Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон рақамикунонии бизнес-равандҳо оғоз гардид
ЭНЕРГИЯИ «САБЗ». Дар корхонаҳои саноатӣ ва дигар иншооти вилояти Хатлон панелҳои офтобӣ насб карда мешаванд






