Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар Ҳамоиши байналмилалии адибони ҳавзаи Наврӯз ва мулоқот бо зиёиёни мамлакат

Март 20, 2016 11:08

20.03.2016. шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Дар ибтидо фарорасии баҳори файзбор ва Наврӯзи байналмилалиро ба кулли мардуми шарифи Тоҷикистон, ҳамватанони бурунмарзӣ, ҳар яки шумо, меҳмонони гиромӣ, ҳозирини арҷманд ва ҳамаи онҳоеро, ки Наврӯзи оламафрӯзро таҷлил мекунанд, самимона табрик менамоям.

Ҳамчунин, меҳмонони бисёр гиромиро, ки бо хеш муждаи фасли баҳор ва насими накҳатовари наврӯзиро овардаанд, аз номи мардуми Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, ин мисраъҳои баҳоронаи яке аз паёмбарони шеъри оламгири Аҷам — Анвариро тақдими шумо медорам:

Навбаҳор омаду ҳангоми тараб гашта бапо,
Чи баҳоре, ки зи дилҳо бибарад сабру қарор.
Боди Наврӯз саҳаргаҳ чу ба бустон бигзашт,
Гули садбарг бурун раст зи пироҳани хор.

Дар кишвари мо ин ҷашни ҷаҳонӣ бо Симпозиуми байналмилалии илмии “Наврӯз дар адабу ҳунари ҷаҳон” оғоз ёфт ва дар он донишмандону адибони маъруф аз кишварҳои мухталифи дунё ширкат карда, доир ба масъалаҳои муҳимтарини ташаккулу таҳаввули Наврӯзи байналмилалӣ, аҳаммияти он дар замони муосир, таҷассуми Наврӯз дар адабиёти ҷаҳон, нақши «Роҳи абрешим» дар густариши арзишҳои фарҳангию ҳунарии Наврӯз ҳамчун падидаи басо нодири зиндагии башар изҳори назар намуданд.

Дар солҳои охир олимону донишмандон ва адибону фарҳангиёни олам бо эътиқод ва эҳтироме, ки ба ин ойини башарӣ доранд, аҳаммияти инсондӯстона ва сулҳпарваронаи онро дар ҷомеаи ҷаҳонӣ боз ҳам васеъ тарғиб карда, мақом ва манзалати ин ҷашни хусравониро баландтар бардоштанд.

Воқеан, ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ яке аз маросимҳои писандидаи оламиён мебошад, ки бо сифатҳои башардӯстонааш аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамчун дастоварди камназири фарҳанги умумиинсонӣ пазируфта шудааст ва бо хусусиятҳои писандидааш, ки некиву накӯкорӣ, хуррамиву хушҳолӣ, шодмониву нишот ва саодату пирӯзиро талқин мекунад, машҳури олам гардидааст.

Мардумон ҷиҳатҳои писандидаи Наврӯзро, ки беш аз шаш ҳазор сол таърих дошта, барои инсон ва зиндагии хушу хуррами инсоният хизмат мекунанд, бо илова намудани ойину рамзҳои нави ҳаётдӯстона ба рӯзҳои мо расонидаанд.

Ҷашни Наврӯз, дар ҳақиқат, як ҷузъи хотираи тобноки маънавии одамон мебошад, ки наслҳоро ба ҳам пайванд дода, робитаҳои дӯстӣ ва муносибатҳои ҳамёриву ҳамкориро боз ҳам қавӣ мегардонад.

Доир ба ҳамин хусусияти мардумӣ доштани Наврӯз яке аз шарқшиносони маъруф Артур Кристенсен, ки таърихи даврони Сосониёнро таҳқиқ кардааст, менависад, ки “дар байни идҳо он, ки бештар мавриди қабули ом аст, Наврӯз мебошад”.

Наврӯз, воқеан, бо ҷанбаи фарҳангиву мардумии худ миёни хосу ом маҳбубият пайдо кардааст. Ин хусусияти Наврӯзро устод Айнӣ таъкид карда, менависад: — “Иди Наврӯз, ки чун сари соли шамсӣ дар аввали ҳамал сар мешуд, яке аз идҳои пеш аз исломият аст. Бинобар ин, халқи тоҷик, дар ҳолате, ки иди рамазон ва иди қурбонро як рӯз барпо медошт, иди Наврӯзро ҳафтаҳо давом медод. Бо сабаби дар аввали баҳор, дар вақти ба ҳаракат даромадани тамоми растаниҳо ва мавҷудоти зинда рост омадани ин иди табиат инсон ҳам ба ҳаракат меомад, тоҷикон “ҳамал – ҳама чиз дар амал” мегӯянд”.

Маҳз ҳамин ҷиҳатҳои хосса аст, ки хурду бузург омадани Наврӯзро бесаброна интизорӣ мекашанд, барои бошукӯҳ таҷлил намудани он омодагӣ мегиранд ва ин ҷашни фарҳангиву ойини мардумиро дар сатҳи баланд истиқбол карда, хушҳоливу хушнудӣ менамоянд.

Бешак, сифатҳои некбинонаи ҷашни воқеан мардумӣ асос шуд, ки аксарияти кишварҳо барои ҷаҳонӣ шудани он саъю талош намуданд ва бо кӯшишҳои муштарак Наврӯзро ба ҷашни байналмилалӣ табдил доданд.

Имсол ба санае, ки Наврӯз аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид ҷашни байналмилалӣ эълон гардид, панҷ сол пур шуд.

Тоҷикистони соҳибистиқлол ба хотири мақоми ҷаҳонӣ гирифтани ин ҷашн яке аз кишварҳои ташаббускор буд ва дар ҳифзу нигаҳдошти ормонҳои умумиинсонӣ ва умумифарҳангии ин ойини хусравонӣ саҳм гузошт.

Дар Тоҷикистон ин ҷашни мубораки ниёгон бо шукӯҳу шаҳомати хос таҷлил гардида, мардум дар тантанаҳои он дастаҷамъона ширкат менамоянд, зеро барои мо Наврӯз на суннати хонаводагӣ, балки ҷашни воқеан мардумист.

Бо ҳамин мақсад мо дар пойтахти мамлакат “Кохи Наврӯз” ва “Наврӯзгоҳ” бунёд намудем, ки имрӯз ба макони баргузории чорабиниҳои наврӯзӣ табдил ёфтаанд.

Қобили таъкид аст, ки Наврӯз бо ягон дину мазҳаб робитае надорад, балки ҷашни фарҳангиест, ки аз суннату ойинҳои инсондӯстона ва ваҳдатсозу сулҳпарварона иборат буда, маҳз бо ҳамин мушаххасоташ ба ҷашни оммавӣ табдил гардидааст. Ин ойини фархунда бо ҳама сифатҳои некбинонааш ба хонадони мардум, сарфи назар аз нажоду миллат ва дину мазҳаб, ворид гардида, ба ҳар як фард паёми хуррамиву шодмонӣ ва хушбахтиву хонаободӣ меорад.

Наврӯз хислатҳои бузурги зебоипарастиву меҳмоннавозӣ ва накӯкориву хайрхоҳиро дар қалби инсонҳо ҷо намуда, табиатро бедор месозад, равшаниро бар зулмот, гармиро бар сардӣ пирӯз мегардонад ва шодиву сурури мардумро ба зиндагӣ бештар месозад.

Дар ин айём мардуми мо ба тозаву озода намудани хонаву кошонаи худ машғул шуда, гулгашту хиёбон ва боғу майдонҳоро ободу хуррам мегардонанд, либоси нав ба бар менамоянд ва ҳамдигарро бо дилу нияти нек ва орзуи зиндагии осудаву хайру баракати хонадон бо фарорасии соли нав, омадани баҳор ва оғози мавсими киштукор табрик менамоянд.

Вобаста ба ин, моро зарур аст, ки таърих ва анъанаву суннатҳои Наврӯзро ҳарчи бештар ва амиқтар омӯзем, таҷассум ва тараннуми онро дар адабиёти ҷаҳон густариш бахшем ва паҳлуҳои неки инсонгароёнаву умумибашарии ин ойини фархундаро дар олам тарғиб намоем.

Бовар дорам, ки ҳамоиши байналмилалии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ки имрӯз бо иштироки аҳли зиёи мамлакат ва шумо, меҳмонони олиқадр, доир шуда истодааст, барои баланд рафтани мақоми Наврӯзи ҷаҳонӣ мусоидат карда, ҳамкориҳои адабиву ҳунариро боз ҳам таҳким мебахшад.

Зеро Наврӯзи ҷаҳонӣ мисли адабиёту фарҳанг хусусият ва сиришти инсонгароёна дошта, ба кас нерӯву шодмонӣ, хушиву хушбахтӣ мебахшад.

Тавре ки таъкид доштам, Наврӯз хусусияти сирф фарҳангӣ ва инсониву мардумӣ дорад ва ҳеҷ зарурате ба сиёсӣ кардан надорад.

Наврӯз инчунин нифоқу низоъ ва бераҳмиву бешафқатиро аз қалби одамон дур месозад ва дар вуҷуди инсонҳо эҳсоси дӯстиву бародарӣ, меҳру шафқат, эҳтирому садоқат ва ҳамёриву ҳамзистиро зиёдтар намуда, ба ҳар фард аз рӯзи неку зиндагии беҳин мужда мерасонад. Хони ҳафт сину ҳафт шини наврӯзӣ ба ин суру шодмонӣ ҷилои бештар бахшида, аз хайру баракат ва фаровониву хушбахтӣ башорат медиҳад.

Аз ин лиҳоз, мо тавассути баргузории чунин ҳамоишҳои адабиву ҳунарӣ бояд аҳаммияти фарҳангпарваронаи ин ҷашни ҷаҳониро ҳарчи бештар тарғиб созем, маросимҳои ин ойини башардӯстонаро густариш диҳем ва онро ҳамчун воситаи муассири таҳкими фарҳанги сулҳ ба оламиён ташвиқ намоем.

Бовар дорам, ки ширкаткунандагони чорабинии имрӯза воситаи тавонои гуфтугӯи тамаддунҳо ва қосиди сулҳ будани Наврӯзи ҷаҳонафрӯзро ба сокинони сайёра мерасонанд ва ҷанбаҳои бузурги фарҳангпарваронаи ин ойини ростинро фаъолона ташвиқ менамоянд.

Яке аз рамзҳои неку фараҳбахши Наврӯзи ҷаҳонӣ аз рӯзгори куҳан то ба имрӯз барпо намудани базмҳои шеър мебошад, ки боиси шуҳрат пайдо кардани адабиёт, бахусус шеър дар саросари олам гардидааст.

Фардо, ки бо қарори ЮНЕСКО «Рӯзи ҷаҳонии шеър» таҷлил мегардад, бо истифода аз минбари ин ҳамоиш ҳамаи адибону шоирон, аз ҷумла онҳоеро, ки дар ин толор ҳузур доранд, ба ин муносибат табрик гуфта, ба онҳо табъи саршор ва илҳоми тозаи эҷодӣ орзу менамоям.

Воқеан, ба таъбири устод Рӯдакӣ “бо сад ҳазор накҳат омадани баҳори хуррам ва бо рангу бӯи аҷиб” ороиш ёфтани олам, пеш аз ҳама, эҳсоси шоирон ва аҳли эҷодро ба шӯр оварда, онҳоро водор месозад, ки аз нишоту шодмонӣ, хушиву хушҳолӣ сухан гӯянд ва занги кудуратро мисли сардиҳои зимистон аз дилҳои хонандаву шунавандагони худ берун андозанд.

Дар васфи Наврӯз аз замонҳои қадим шеъру тарона, байту чакома, ривояту афсона ва масалу мақоли зиёд эҷод гардида, мақому манзалат ва арзишу аҳаммияти инсондӯстонаи ин ойини мардумӣ ба таври шоиста тавсиф шудааст.

Бо таъсири суннатҳои адабиёти гузашта дар шеъри муосир низ васфи Наврӯз ҷойгоҳи хосса пайдо карда, сифатҳои арзандатарини он дар осори шоирону адибон таҷассум гардидаанд ва шукӯҳу ҷалоли рамзҳои ҷовидонаи Наврӯз васф шудаанд.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷаи адабиёт тарбияи маънавии инсон, тарғиби ахлоқи ҳамида, ситоиши ҳамдиливу ҳамкорӣ, суботу осоиш, ба роҳи рост ва ба муҳити солими маънавӣ ҳидоят намудани инсон мебошад.

Адабиёт одамонро ба ободониву бунёдкорӣ, сулҳу субот ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ роҳнамоӣ мекунад ва дӯстиву ҳамкории байни халқҳову кишварҳоро тарғиб менамояд.

Ҳамоиши байналмилалии мазкур низ ба таҳкими робитаҳои дӯстиву адабӣ мусоидат намуда, имкон фароҳам меорад, ки ширкаткунандагони он масъалаҳои муҳимми адабиётро баррасӣ намоянд ва барои рушди минбаъдаи он заминаи устувор муҳайё созанд.

Мо низ бо мақсади ба насли имрӯза расонидани афкору ашъори бузургони адабиёт аз ҳисоби Фонди захираи Президент нашри панҷоҳҷилдаи «Ахтарони адаб» -ро ба роҳ мондем ва намунаҳои беҳтарини осори адибонро интишор кардем.

Зеро нек медонем, ки китоб махзани илму дониш, сарчашмаи завқу хирад ва фурӯғи субҳи доноӣ мебошад.

Чун аксари меҳмонони азизи мо аҳли эҷод мебошанд, фикр мекунам, ки ҳамеша дар андешаи суботу оромии зиндагии башар ҳастанд ва барои таълифи осори инсонпарварона саъю талош менамоянд.

Бахусус дар шароити кунунӣ каломи васлгару созанда нақши ниҳоят муҳим дорад ва ба андешаи ман, инсоният ба сухани созандаву пайвандгар имрӯз беш аз ҳар вақти дигар ниёз дорад.

Бо ибрози беҳтарин ниятҳои наврӯзӣ бори дигар кулли ҳамватанони азиз, шумо, зиёиёни мамлакат, меҳмонони гиромӣ ва ҳамаи ширкаткунандагони Ҳамоиши байналмилалиро ба ифтихори ин ҷашни фархунда табрик гуфта, орзумандам, ки насими зиндагибахши Наврӯзи ҷаҳонӣ ба ҳар хонадон сарсабзӣ ва саодату хушбахтиро ба армуғон меорад.

Бигзор, Соли нав пурфайзу пурбаракат омада, ба одамон рӯҳи болида, ба табиат зебоӣ ва ба хурду бузург шодмониву саодат бахшад.

Дар фарҷом аз забони падари шеъри Аҷам – устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ мегӯям, ки:

Ҳон Рӯдакӣ, аз қайди ғам озод бизӣ!
Бо хотири хурраму дили шод бизӣ!

Хотиратон ҳамеша хурраму қалбҳоятон пур аз нишоту шодӣ бошад, ҳамватанони азиз ва меҳмонони гиромӣ!

Март 20, 2016 11:08

Хабарҳои дигари ин бахш

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Фестивали асал, картошка ва анор дар вилояти Суғд иштирок намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд корхонаи «Сайри Суғд»-ро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд Маркази нейро-кардию эндоҷарроҳии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Гулистон бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров Муассисаи давлатии мактаби махсуси варзишӣ оид ба футболро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи истеҳсоли пойафзоли ҶДММ «Фароғатбону»-ро ба истифода доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров корхонаи парандапарварии ҶДММ «Назар»-ро ифтитоҳ намуданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ба фаъолияти корхонаи истеҳсоли пардаҳои полиэтилении ҶДММ «Технологияи полимерӣ» оғоз бахшиданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон корхонаи истеҳсоли пойафзолро ифтитоҳ намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Бӯстон Маркази ташхису табобатии «Луқмони Ҳаким»-ро мавриди истифода қарор доданд
Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан марҳилаи дуюми коргоҳи истеҳсоли дучарха ва бозичаҳои гуногуни ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Истаравшан корхонаи истеҳсоли ҷиҳози кӯдаконаи ҶДММ «Адл»-ро ифтитоҳ намуданд