Таҷлили Наврӯз дар Бирабиҷон
Душанбе, 19.03.2016 (АМИТ «Ховар»). — Наврӯз биё, ки ҳамагон бо қалбҳои саршор аз меҳру муҳаббат дар интизори ту ҳастанд. Наврӯз биё ва ба дашту домони Тоҷикистони азизам баракату ободиву сарсабзиро хадя бинмо. Омаданатро мардуми тоҷик дар саросари олам бо хушнудӣ ва ифтихору садоқатмандӣ аз таъриху тамаддуни хеш ҷашн мегиранд.
Ҷашн гирифтани ҳама идҳову маъракаҳои муҳимми сиёсиву миллӣ аз ҷониби ҳамватанонамон дар сатҳи баланд ва бо риояи ҳама рукнҳову оинҳову анъанаҳо бори дигар исботи он аст, ки мардуми тоҷик дар куҷое, ки бошад, ҳеҷ гоҳ таъриху тамаддуни хешро фаромӯш накарда, балки кӯшиш ба харҷ медиҳад, ки ба оламиён нишон диҳад, ки мо мардуме ҳастем аз азал дорои тамаддуни олии башарӣ ва озодарӯзгоре, ки таъриху фарҳанги пурғановатамон аз ибтидо то ҳозир диққати ҳамагонро бо зебоиву нотакрорӣ ва осори антиқиамон ба худ ҷалб мекунад. Як худи калимаи Наврӯз, ки сирф калимаи тоҷикӣ асту алъон дар бисёре аз қисматҳои олам халқиятҳои зиёде ва давлатҳои ҳавзаи Наврӯз онро бошукӯҳ ҷашн мегиранд, бори дигар исботи қадимтарин будани мардуми мост.
Бирабиҷон дар қисмати шимолу шарқии ФР дар соҳили дарёи бузурги Амур ҷойгир буда, дар ин ҷо садҳо ҳамватанонамон дар соҳаҳои гуногун фаъолият мекунанд. Ҷамъияти тоҷикони ш. Бирабиҷон, ки сарварии онро Сайраҳмон Раҳимов ба дӯш дорад, сарҷамъона ҳама чорабиниҳои ватаниамонро дар доираи ҳамватанону меҳмонони зиёд таҷлил карда, шукри соҳибистиқлоливу якпорчагии Тоҷикистони ба ҷон баробарамонро мекунанд. Муҳаббату садоқат ба оинҳои миллӣ ва ифтихори ватандориву якдилӣ, ки асоси ҳама гуна пешравиҳост, ҳамватанонро аз тамоми гӯшаву канори Шарқи Дур ба Бирабиҷон ҷамъ овардааст.
Дар ин дуриҳои дури соҳили Амур сабзондани гандуму омода кардани суманаки хуштаъму серғизои тоҷикӣ, оши палов, оши буридаву дигар хӯрокҳои миллӣ ва сарҷамъ омадан сари як хони пурбаракати тоҷикӣ исботи он аст, ки мардуми мо якдилу якмаром буда, барои онҳо исми Модар-Ватан, Тоҷикистон, парчаму забону оинҳои миллӣ аз муқаддастарин ибораҳоянд. Ҳар боре навои дилангези тоҷикона фазои толорро пур мекард ва медидем, ки пиру барно зери нағмаҳои дилошӯби тоҷикона мерақсиданду шодӣ мекарданд, моро низ як ҳиссиёти бузурги ифтихормандӣ аз миллату ватану даврони соҳибистиқлолиамон фарогир мешуд, ки ҳамватанони мо метавонанд дар дилхоҳ гӯшаи олам номбардору парчамбардори ватани азизамон бошанду расму оинҳову адабиёти бою рангин ва забони худро ҳамеша ҳифз кунанду муқаддас донанд.
Ин аст ифтихор аз ватандорӣ, ин аст нангу номуси тоҷикона ва муҳаббати беохир ба ватан ва ҳамвора паи ободиҳои ин Тоҷикистоне, ки барои ҳар як фарди тоҷик ҳар зарра хоку ҳар як гиёҳ ва, ҳар як қатра обаш чун як каф дуои Модар, чун гавҳараки чашм азизу муътабар аст, талош кардану нақшгузор будан.
Таҳияи Садбарг Боқиева








Ба ифтихори Рӯзи Президент дар ноҳияи Шаҳринав бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
Доир ба нақши таърихии Пешвои миллат дар эҳёи давлатдории миллӣ ва таҳкими сулҳу субот ҳамоиш баргузор шуд
Ба ифтихори Рӯзи Президент дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон ҳамоиш баргузор шуд
ПРЕЗИДЕНТ — МЕЪМОРИ ДАВЛАТДОРИИ МУОСИР. Ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида мешавад
ПЕШВОИ МО-ИФТИХОРИ МО. Дар вилояти Хатлон Рӯзи Президент бо шукуҳу шаҳомат таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ-РАМЗИ САДОҚАТУ ВАФОДОРӢ БА ВАТАНИ МАҲБУБ. Дар Суди конститутсионӣ ҳамоиш доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Академияи миллии илмҳо конференсияи илмию назариявӣ баргузор шуд
Дар Бадахшон Рӯзи Президент бо тантана таҷлил гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Ёвон Рӯзи Президенти Тоҷикистон ва 33-солагии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ таҷлил гардид
Меъмори тоҷиктабори муқими Олмон Саидумари Маъсум: «Эмомалӣ Раҳмон барои миллат ҳамчун шоҳ Исмоили Сомонӣ хидмат намуданд»






