Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии Интурмаркет- 2016 иштирок менамояд
Душанбе, 18.03.2016. (АМИТ Ховар).- Аз 19 то 22 марти соли 2016 дар шаҳри Маскави Федератсияи Русия намоишгоҳи байналмилалии туристии Интурмаркет- 2016 баргузор мегардад. Намоишгоҳ дар майдони 28000 метри муррабаъ бо ширкати 1430 ширкати сайёҳӣ, 78500 иштирок ва аз 143 кишвар дар назар дошта шудааст.
Дар ҳамоиши бузурги сатҳи байналмилалӣ гӯшаи туристии Тоҷикистон зери шиори «Тоҷикистон кишвари туризм» бо масоҳати 10 метри мураббаъ ба маърази тамошои дӯстдорони сайру саёҳат гузошта мешавад.
Дар доираи намоишгоҳи байналмилалии туристӣ намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия, 6 ширкати туристии ватанӣ, ҶДММ ширкати ҳавопаймоии «Сомон-Эйр», меҳмонхонаи «Душанбе-Серена» ва ҶДММ маҷмааи лижаронию сайёҳии «Сафед-Дара» ва васоити ахбори оммаи ватанӣ маводи таблиғотии худ ва захираҳои бойи туристии кишвари азизамонро муаррифӣ менамоянд.
Намоишгоҳи мазкур аз соли 2006 инҷониб дарҳои худро барои дӯстдорони сайру саёҳат боз намудааст. Тибқи маълумот теъдоди зиёди иштироки ширкатҳои туристии Федератсияи Русия ва хориҷи кишвар нисбат ба солҳои гузашта бинобар сабаби вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии ҷаҳон дар назар дошта шудааст.
Ҳадаф аз иштирок дар намоишгоҳи мазкур ташкили хатсайрҳои нави туристӣ барои ҷалби сайёҳон аз Федератсияи Русия ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил мебошад.








«Ҳар як давлат, сарфи назар аз сатҳи рушди иқтисодӣ бояд дар ҳифзи криосфера саҳми фаъол гузорад», — бардошт аз конфронс дар Душанбе
21 МАРТ — РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ҲИФЗИ ПИРЯҲО. Пиряхҳои Тоҷикистон манбаи бузурги оби дарёҳои Осиёи Марказӣ ба шумор мераванд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
«ҲАМАҶО АНҶУМАНИ НАВРӮЗ АСТ». Аз 21 то 25 март дар шаҳру ноҳияҳои Хатлон барномаҳои идона доир мегарданд
Кордсозӣ чун рамзи маҳорати ҳунармандони тоҷик то имрӯз ҳифз гардидааст
Филмҳо ва шабакаҳои телевизионӣ – бе пардохти иловагӣ ва сарфи трафик
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Наврӯз рамзи эҳёи табиат, фарҳанги миллӣ ва неруи созанда дар таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
НАВРӮЗИ ФАЙЗРЕЗ. Ин ҷашн дар таълифоти Абурайҳони Берунӣ ҷойгоҳ ва мақоми хосса дорад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






