ВКД: Раддия ба хабари бархе аз сомонаҳо
Душанбе, 11.03.2016. (АМИТ «Ховар»).- Бархе аз сомонаҳои шабакаи интернетӣ хабарҳои гӯё беасос дастгир намудани сокинони шаҳри Роғунро аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дар ин замина ҷамъшавии пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ паҳн намудаанд.
Вазорати корҳои дохилӣ дар ин бора хабар медиҳад, ки ин гуна хабарҳо ягон асоси воқеӣ надоранд, чунки бе нишон додани сарчашмаи иттилоотӣ паҳн шудаанд.
Умуман бе сарчашмаи асоснок паҳн намудани ахбор аз тарафи воситаҳои ахбори омма дар ҷаҳони муосир қобили қабул нест.
Зикр намудан зарур аст, ки чанде аз сокинони шаҳри Роғун (ва на фақат аз ин шаҳр) барои шомилшавӣ ба гурӯҳҳои ифротгаро-экстремистӣ дастгир ва баъзе шахсон барои пурсиш ҳамчун шоҳид ба сохторҳои мақомоти корҳои дохилӣ даъват шудаанд.
Касе аз пайвандону наздикони онҳо дар назди ШВКД ноҳияи Фирдавсӣ ҷамъ наомадааст ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин ҷамъшавии ғайриқонуниро манъ намудааст, ки инро мардум медонанд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳама чораҳои андешидашуда аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои амнияти шаҳрвандон ва тинҷию осудагии мардуми Тоҷикистон равона гаштааст.








Дар Вазорати корҳои дохилӣ ба муносибати Рӯзи милитсияи тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид






