Вусъати ниҳолшинонӣ дар Рашт
Рашт, 01.03.2016 (АМИТ «Ховар»).- Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт барои рушди соҳаи занбӯрпарварӣ соли равон шинонидани 6000 бех ниҳоли ақоқиёро ба нақша гирифтааст.
Ба иттилои роҳбари Муассисаи давлатии Хоҷагии ҷангали ноҳияи Рашт Абдуазиз Қаландаров ҳоло дар парваришгоҳи хоҷагии мазкур 15 ҳазор ниҳолҳои чормағз, шафтолу, зардолу ва ангат мавҷуд аст, ки аз ин 2000 ниҳол барои фурӯш омодааст. Ҳамчунин дар хоҷагӣ 170 оилаи занбӯри асал ва 31 сар ҳайвони калони шохдор мавҷуд аст.
Дар назди Хоҷагии ҷангали ноҳия Парваришгоҳи давлатӣ мавҷуд аст, ки масоҳати умумии он 12 500 гектарро ташкил медиҳад. Дар парваришгоҳ хирси мала, бузи кӯҳӣ ва гулмоҳӣ парвариш мешаванд.
Ба андешаи Абдуазиз Қаландаров, дар сурати пайдо гардидани соҳибкорон ва гиёҳшиносон роҳандозии ҳамкории муфид дар назар аст.