Ёвон: 7 хонанда соҳиби медал гардид
Ёвон, 31.03.2016.(АМИТ «Ховар»).- Ҳафт хонандагони Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳияи Ёвон дар олимпиадаҳои вилоятӣ соҳиби медалҳои тилло, биринҷӣ ва нуқра гардиданд. Тибқи иттилои роҳбари муассисаи мазкур Бобизода Гулшани Шералӣ барои ба гурӯҳҳои ифротию террористӣ шомил нагардидани наврасону ҷавонон дар якҷоягӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ маҷлисҳои тарбиявӣ ва фаҳмондадиҳӣ гузаронида, оид ба мафҳумҳои тундгароӣ, даҳшатафканӣ, ифротгароӣ, зарар ва оқибатҳои фалокатбори он чорабиниҳои беруназсинфӣ ва маҷлисҳои падару модарон гузаронида мешаванд.
Дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1- и ноҳияи Ёвон 1764 хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст, ки аз онҳо 786 нафараш духтар аст. Инчунин 78 хатмкунандаи муассисаи мазкур ба Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷат супорида, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ омода шуда истодаанд.