30-юмин ҷаласаи вижаи СММ доир ба масъалаҳои маводи мухаддир дар ҷаҳон

Апрель 20, 2016 09:28

Душанбе, 20.04.2016 /АМИТ «Ховар»/. Дар Қaроргоҳи Созмони Милали Муттаҳид дар ш. Ню- Йорк Маҷмаи Умумии СММ сиюмин ҷаласаи вижаи худро доир ба масъалаҳои ҷаҳонии маводи мухаддир оғоз намуд. Дар кори ҷаласа ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон иборат аз вазири корҳои хориҷӣ Сироҷидин Аслов ба ҳайси роҳбари ҳайат ва директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода ширкат ва суханронӣ намуданд.
Роҳбари ҳайат оид ба иқдом ва дастовардҳои кишвар дар соҳаи мубориза бо маводи мухаддир маълумот дода, зикр намуд, ки мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир яке аз ҷузъҳои мубориза бо ҷиноятҳои муташаккил, экстремизм ва терроризм мебошад. Дар ин росто, таҳким ва рушди ҳамкории байналмилалӣ, аз ҷумла амалҳои ҳамоҳангшудаи ҷонибҳои манфиатдор ва созмонҳои байналмилалӣ дар ин маврид муҳим арзёбӣ гардид.
Ҷаласаи вижаи МУ СММ то рӯзи 21 апрели 2016 идома хоҳад ёфт.

Апрель 20, 2016 09:28

Хабарҳои дигари ин бахш

Сафири Тоҷикистон бо Вазири федералии адлияи Покистон мулоқот намуд
Дар Душанбе машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Ҳиндустон баргузор гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ҳиндустон мулоқот намуд
Дар Женева Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Дюсселдорф бахшида ба Наврӯзи байналмилалӣ чорабинии бошукуҳи фарҳангӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Вена Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар Минск ҷаласаи муштараки Шурои намояндагони доимӣ ва Комиссия оид ба масъалаҳои иқтисодӣ доир гардид
Дар шаҳри Остона Ҷашни байналмилалии Наврӯз бошукуҳ таҷлил карда шуд
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Фаронса эътимоднома супорид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Директори иҷроияи Академияи Созмони умумиҷаҳонии сайёҳӣ мулоқот намуд
Дар Ашқобод Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо тантана таҷлил намуданд
Шараф Шерализода дар Конгресси 13-уми ҷаҳонӣ оид ба сайёҳию кӯҳнавардӣ, барқарорсозӣ ва варзиши зимистона иштирок намуд