54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ пешгирӣ карда шуд
Душанбе, 15.04.2016. /АМИТ «Ховар»/. Дар се моҳи аввали соли равон кормандони Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ 54 ҳодисаи вайрон кардани сарҳади давлатӣ, 34 ҳодисаи вайрон кардани реҷаи сарҳади давлатиро пешгирӣ карда, 126 нафар вайронкунандагони сарҳад, 73 нафар вайронкунандагони низомӣ сарҳадиро боздошт намуданд. Ин нукта зимни ҷаласаи натиҷаҳои хизматӣ-ҷангии Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид.
Муовини аввали фармондеҳ, сардори Сарситоди қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ полковник Изатулло Файзуллоев зикр кард, ки дар давраи сипаришуда аз тарафи ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ тадбирҳои муайян доир ба ҳифзи сарҳади давлатӣ, аз сарҳад гузаронидани шахсони воқеӣ ва воситаҳои нақлиёт, мубориза бар зидди қочоқи маводи нашъаовар андешида шуданд.
Дар се моҳи сипаришуда тақрибан 300 кг маводи нашъаовар аз қочоқчиён мусодира гардид.
Инчунин дар се моҳи аввали соли 2016 дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон бо қочоқчиён ва вайронкунандагони хати сарҳад 8 маротиба задухӯрди мусаллаҳона ба вуқуъ омада, кӯшиши убури хати сарҳад 6 маротиба пешгирӣ карда шуда, 10 қочоқчӣ дастгир, 5 вайронкунандаи хати сарҳад нобуд карда шуданд ва 2 нафар захмдор гардиданд.
Дар якҷоягӣ бо намояндагони сохторҳои қудратии ҷумҳурӣ 17 амалиёти махсус гузаронида шуд.
Дар давраи ҳисоботӣ сарҳадчиёни тоҷик 12 адад яроқи оташфишон, ҳамчунин 200 дона лавозимоти ҷангиро мусодира намуданд.
Тавассути нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ 532 ҳазору 72 нафар шаҳрвандон, 42 ҳазору 9 адад воситаҳои нақлиёт гузаронида шуда, 366 нафар вайронкунандагони низом дар нуқтаҳои гузаргоҳҳои сарҳадӣ дастгир шуданд.
Дар ҷаласа баъзе норасоиҳои ҷойдошта дар фаъолияти Қӯшунҳои сарҳадӣ муҳокима карда шуда, чораҳои зарурӣ барои бартараф намудани онҳо муайян карда шуданд.
Аз тарафи Фармондеҳи Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ ба роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадӣ дар вилоятҳои Хатлон, Суғд, ВМКБ ва командирони қисмҳои ҳарбӣ оид ба иҷро намудани чорабиниҳои ба нақша гирифташуда, ҳамчунин оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ ва мустаҳкамии назорати сарҳад супоришҳои мушаххас дода шуданд.








Ба ифтихори Рӯзи Конститутсия дар Прокуратураи генералӣ маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид
Дар Исфара нақшаи даъвати тирамоҳӣ пурра иҷро гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Конференсияи байналмилалии Минск оид ба амнияти Авруосиё иштирок намуд
Дар Душанбе ҷаласаи панҷуми Гурӯҳи кории байниидоравӣ оид ба бехатарии партовгоҳҳои саноатӣ баргузор шуд
Дар Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии шурои ҳамоҳангсозӣ баргузор гардид
ОГОҲӢ! Аз 4 то 6 ноябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Дар вилояти Хатлон нақшаи даъвати тирамоҳӣ 100 фоиз иҷро гардид
Нақшаи даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 97 фоиз иҷро шуд
«Барномаи миллии бехатарии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2026-2030» қабул гардид
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъват ба хизмати ҳарбӣ дар ноҳияи Зафаробод пеш аз муҳлат иҷро гардид
Бо мақсади пешгирии садамаҳои нақлиётӣ бо иштироки мошинҳои боркаш Гурӯҳи кории байниидоравӣ таъсис дода шуд
ИМРӮЗ-РӮЗИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ. Дар Суди Олӣ Конфронси Созмони судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид






